Маълумоти умумӣ

Пойтахт – шаҳри Душанбе

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна қарор дорад.

Масоҳат – 142 326 км²

Аҳолӣ – 10,1 млн. нафар

Асъори  миллӣ – сомонӣ

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1322,9 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (987 км), дар шарқ бо Чин (494,95 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1344,15 км) марзи муштарак дорад. Кишвари кӯҳсор ва пурбориш буда, манобеи азими об ва канданиҳои фоиданок дорад.  Кишвар ба дарёҳои озод дастрасӣ надорад.

93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил намуда, ҳамагӣ 7 фоизи он ҳамворӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳон (Қуллаи Исмоили Сомонӣ – 7495м.) ҷойгир аст.

Дар шимоли Тоҷикистон водии Фарғона, дар шимолу ғарб ва дар қисми марказии он қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Туркистон ва Олой ҷойгиранд.

Дар ҷанубу шарқ Помир (яке аз баландтарин нуқтаҳои олам) ва дар ҷанубу ғарб водиҳои Вахшу Ҳисор ҷой гирифтаанд.