Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо забони тоҷикӣ ҳамчунин тоҷикони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, инчунин дар минтақаҳои  тоҷикнишини Афғонистон муошират мекунанд. Забони форсии аҳди Сомониён «форсӣ, порсӣ» ва ё «порсии дарӣ» ном гирифт ва бо вуҷуди ин ки ин забон дар осори хаттии асрҳои миёна гоҳо забони тоҷикӣ» ё «зуфони тоҷикӣ» номида шуда бошад ҳам (дар як матни портии монавӣ, ки дар Турфони Чин ёфт шудааст (асри VIII м.), истилоҳи tazigāne āvak «овои тоҷикона» ба кор рафтааст),  вале дар ҳоле ки қавми тоҷикро [1] «форс» наномидаанд, забонашон ба сурати куллӣ то асри XIX ва ибтидои асри ХХ бо номи «форсӣ» муаррифӣ мешуд. Муҳити ташаккули забони форсии нав, робитаҳои таърихии соҳибони ин забон бо мардумони ҳамҷавор дар таҳаввули таърихии низоми луғавии ин забон бетаъсир буда наметавонист. Омезиши забони форсӣ бо забони портӣ боиси вориди таркиби луғавии он шудани калимаҳои иқтибосии портӣ гардид. Мавҷудияти як қатор иқтибосҳои эронии шарқӣ (хусусан калимаҳои суғдие мисли нағз, оғоз, мағз, бут, алағда ва ғ.) дар сохтори луғавии забони форсӣ низ натиҷаи робитаи таърихии ин забонҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар тули чандин аср таркиби луғавии забони форсӣ ташаккул ёфт ва мукаммал гардид ва то асри XVI ин забон дар шарқу ғарби Эрони таърихӣ забони умумии адабӣ ба шумор мерафт. Пас аз кашмакашҳои хуношоми байни Сафавиён ва Шайбониён, ки дар заминаи мазҳабӣ сар зада буд, тамоми робитаҳо дар байни сокинони Мовароуннаҳру Хуросон ва қисмати ғарбии Эрон қатъ гардид ва ин марзбандии сиёсӣ- мазҳабӣ боиси ҷудоии фарҳангию адабӣ гардид.

Аз асри XVI ба баъд забону адаб дар ду сарзамини  форсигӯй – Мовароуннаҳр ва давлати Форс ба таври мустақил ва ҷудо аз ҳам инкишоф ёфт, ки сарфи назар аз муштаракоти меъёрҳои адабӣ, боиси ба вуҷуд омадани тафовутҳое дар системаи луғавӣ, грамматикӣ ва сабкии гуфтору навиштори мардуми форсигӯйи ин ду сарзамин гардид. Масалан, дар китоби «Маҷмаъ-ут-таворих» (асри XVI), ки мутааллиқ ба муаллифони Осиёи Миёна аст,  бисёр хусусиятҳои грамматикие инъикос ёфтаанд, ки хоси лаҳҷаҳои имрӯзаи тоҷикӣ мебошанд. Дар шумори ин хусусиятҳо истифодаи шаклҳои муайян (давомдор)-и феъл бо феъли  истодан (тарошида истодааст, ҷанг карда истода буд ва ғ.), таркибҳои феъли ҳолӣ бо ҷузъҳои мондан (бурда монд), рафтан (гирифта рафт), омадан (гурехта омад), гирифтан (бурида гирифт), дидан (хонда дид), ба кор рафтани бандаки феълии шахси 2-юми ҷамъ -етон (дафн кунетон) ва хусусиятҳои хоси корбурди пешоянду пасояндҳоро метавон зикр кард. Дар осори Аҳмади Дониш ва дигар адибони асри XIХ хусусиятҳои хоси лаҳҷаҳои тоҷикӣ бештар ба назар мерасанд, ки аз забони адабии роиҷ дар Эрони ҳамон давра фарқ доранд.

Ҳамин тариқ, забони адабии тоҷикӣ ба тадриҷ дар асоси лаҳҷаҳои маҳаллии тоҷикӣ хусусиятҳои навро касб кард ва ин раванд дар охири асри XIХ ва ибтидои асри ХХ, хусусан дар осори адибони маорифпарвари он замон, мисли Садриддини Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Садри Зиё, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷаи Асирӣ ва дигарон ба таври бориз намоён гардид.