Иштироки Ш.Нодирӣ дар VI – умин Форуми байналмилалии меҳнат

17 – марти соли равон дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия VI – умин Форуми байналмилалии меҳнат баргузор гардид, ки он бо ташаббуси Ҳукумати Санкт – Петербург дар якҷоягӣ бо Ассамблеяи байнимарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил ва ба роҳ монда шудааст.
Дар он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир ва намояндагони кишварҳои узви ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни форуми мазкур гуфта шуд, ки имконияти зиёди ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои муҳоҷирони меҳнатӣ, риоя ва ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон ва иштирокашон дар ҳаёти мадании аъзои кишварҳои узви ИДМ нақши муфид мебозад.