Баргузории конференсияи миллӣ
Имрўз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи миллӣ дар мавзӯи “Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъд аз COVID – 19” баргузор гардид. Конференсияи маркур ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Форуми байналмилалии “Душанбе – Инвест 2021” баргузор шуда, аз қисматҳои ифтитоҳӣ, пленарӣ, музокирот, қисмати саволу ҷавоб ва қабули тавсияҳо иборат буд. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок доштанд. Конференсияро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ оғоз намуда, қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ монда шуда, вазорат онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф намудааст. Тавре медонед, солҳои охир робита бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфтааст. Айни замон, 112 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Қирғизистон, 1 диаспора ва 10 маркази фарҳангӣ дар Қазоқистон фаъолият доранд ва бовар дорем, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанонамон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор саҳми муносиб мегиранд. Бахусус, дар шароити пандемияи COVID-19 дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ ба ҳамватанон якдилона мусоидат намудаанд, ки он ҳамчун намунаи муташаккили сохтори диаспоралӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон эътироф гардидааст. Дар идомаи кори конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва диаспораву ҳамватанони бурунмарзӣ бо маърӯзаҳо доир ба имкониятҳои васеъ барои ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисод, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳбарони ҷамъияти “Ҳамватанони” шаҳри Иркутск, ташкилоти миллӣ- мадании шаҳри Оренбург, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дидор”-и Свердловск, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Тоҷикони Шарқи Дур” ва дигар роҳбарони диаспораҳо аз манотиқи мухталифи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон баромад намуда, дар суханрониҳои худ иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ намуданд ва таъкид карданд, ки барои рушди кишвар дар давраи баъд аз пандемияи COVID-19 саҳмгузории амиқ менамоянд. Махсусан Амонзода Ширин Шодӣ таъкид намуд, ки саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз барои ҳамватанони бурунмарзӣ махсусан дар давраи баъд аз COVID-19 аз се ҷиҳат муфид аст: аввал саҳмгузорӣ дар рушди кишвар аст, дуюм пуштвонае барои ояндаи шумо аст ва сеюм ворид шудан ба таърихи бунёдкориҳои Ватан мебошад. Дар фарҷоми Конфронси миллӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба рушди минбаъдаи соҳаи муҳоҷират ва ҳамкориҳо дар ин самт тавсияҳо қабул карда шуданд.