Мулоқоти Раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқимии Россия

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Россия сафар намуданд.

Дар доираи сафар санаи 13 феврали соли 2024 мулоқоти ҳайат бо  соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятҳои тоҷикони муқимии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур кормандони Намояндагӣ, Сафорат, консулгарӣ, ҲХДТ, аъзоёни Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат, роҳбарон ва аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ байни соҳибкорони ҳарду кишвар мебошад.

Зимни баромад Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад. Ҳамзамон роҷеъ ба фазои мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузории вилояти Хатлон муаррифномаҳо ва маълумотномаҳо пешкаш шуд.

Дар ҷаласа имконоту зарфиятиҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷалби соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ба раванди босуръати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар минтақа, имтиёзу шароити мавҷудаи вилояти Хатлон барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҳадафи дигари мулоқот гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони бурунмарзӣ арзёбӣ гардид.

Боиси хушнудист, ки айни ҳол муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону Россия бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониашон зикр намуданд, ки дар соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Умуман дар соли 2023 суръати баланди рушд баробар ба 8,3% таъмин гардид.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои ободу зебо гардонидани ҳар як гушаи ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Соҳибкорони тоҷики муқимии Россия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои маҳаллӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Раиси вилоят ҳам ёдовар шуданд, ки дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя мавзӯъҳои меҳварӣ ба шумор мераванд. Дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ ба талаботҳои байлалмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.

Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.

Саноати вилоятро ҳудуди 821 корхонаю коргоҳҳои хурду калон намояндагӣ мекунанд, ки беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд.

Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.

Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суханронӣ шуда, зикр гардид, ки мутаассифона, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин роҳ мераванд.

Таъкид гардид, ки мо бояд аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем.

Бояд қайд намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номус барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани худ равона карда истодаанд.

Дар фарҷом, миёни иштирокдорони чорабинӣ суҳбати озод доир гардида, соҳибкорону роҳбарони ташилотҳои ҷамъияти назари худро бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.