Маълумотнома

оид ба рафти  иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 июни соли 2021, №213 “Дар бораи Наќшаи чорабинињо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи љалби њамватанони бурунмарзї њамчун шарикони рушди кишвар барои солњои 2021-2025”

дар нимсолаи дуюми соли 2024

Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон оид ба рафти иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 июни соли 2021, №213 “Дар бораи Наќшаи чорабинињо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи љалби њамватанони бурунмарзї њамчун шарикони рушди кишвар барои солњои 2021-2025”  маълумоти вазорату идорањои дахлдор ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар нимсолаи дуюми соли 2024-ро љамъбаст намуда, манзур менамояд.

  Банди 1. Ҷињати иљрои банди мазкур  дар назди Вазорати  мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон “Шӯрои њамоњангсоз оид ба њамкорї бо диаспорањои тољикон (љамъиятњои тољикон) ва њамватанони бурунмарзї” аз њисоби намояндагони вазорату идорањои дахлдори љумњурї, диаспорањои тољикон (љамъиятњои тољикон) ва њамватанони бурунмарзї таъсис дода шуда,  Низомнома ва  рўйхати аъзои Шӯро  бо фармоиши вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон аз 7 декабри соли 2021, №114 тасдиќ гардид. Љаласаҳои Шўрои њамоњангсоз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

Ҷаласаи сеюми Шӯрои болозикр  13 сентябри соли 2024 бо иштироки аъзои Шӯро намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз минтақаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, ИМА, Молдова, Туркия, Шоҳигарии Недерландия ва давлати Қатар баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи дар ҷаласа рафти иҷрои протоколи №2 маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузориши намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз хориҷи кишвар шунида шуд.

 Бо назардошти гузориш ва таклифу пешниҳодҳои баёнгардида дар ҷаласаи Шӯро қарори дахлдор қабул гардида, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки оид ба қарори кабулгардида чораҳои зарурӣ андешанд.

Банди 2. Cомонаи интернетї (diaspora.tj) бо маќсади робитаи доимї  ва ташаккули махзани маълумоти иттилоотию тањлилї дар бораи диаспорањои тољикон, њамватанон ва тољикони бурунмарзї бо дастгирӣ ва маблаѓгузории Намояндагии Ташкилоти Байналмилалии Муњољират дар Тољикистон аз љониби ҶДММ “Ширкати консалтингии Тоҷикистону Ҷопон” соли 2023 таъсис дода шуда, айни замон фаъол мебошад.

 Банди 3. Иљрои банди мазкур дар солњои 2024-2025 пешбинї гардида, иљрокунандагон вазоратњои корњои хориљї, корњои дохилї, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон, Палатаи савдо ва саноат ва Бонки миллии Тољикистон мебошанд. Айни замон, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ҷиҳати таъсис додани Фонди миллии рушди диаспорањои тољикон (љамъиятњои тољикон) ва њамватанони бурунмарзї идома дорад.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои банди мазкур қайд менамояд, ки таъсиси фондро иқдоми саривақтӣ шуморида дар сурати таъсис додани чунин фонд омода аст, ки ҷиҳати самаранок фаъолият намудани он дар доираи ваколату имконоти худ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намояд.

Бандҳои 4 ва 6. Вобаста ба иљрои бандҳои мазкур бояд қайд намуд, ки њамасола ҳангоми ҷашну маросимҳои расмӣ, аз ҷумла ҷашни Истиқлоли давлатии Љумњурии Тољикистон, рузҳои Вањдати миллї, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ва Иди байналмилалии Наврўз, роњбарон ва аъзои диаспораҳои тоҷик,  (љамъиятњои тољикон), соњибкорон ва ҳамватанон бурунмарзї мунтазам аз љониби Вазорати  мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон якљо бо вазоратњои корњои хориљї ва корњои дохилї  даъват карда шуда, бењтаринњо бо мукофотњои соњавї сарфароз гардонида мешаванд.

Њамзамон, аз љониби Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ дар мадди назари роҳбарияти вазорат қарор дошта, ҳамасола дар ҷашну маросимҳои расмӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳо ҳамватанони бурунмарзиро даъват намуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳод ҳавасманд карда мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ, таблиғи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шаҳрвандони он дар хориҷи кишвар, инчунин ба муносибати таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, фармоиши роҳбарияти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон аз 20 марти соли 2024, №198 27 нафар ҳамватанони бурунмарзӣ бо медал, “Ифтихорномаи фахрӣ”, “Раҳматнома” ва “Сипоснома”- и Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа чун анъана ба мақсади муаррифии шоистаи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ва дар маҷмуъ, тақвияти симои мусбати Тоҷикистон, ба муносибати иду ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ чорабиниҳои фарҳангию варзиширо бо иштироки ҷамъиятҳои тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки иқомати муваққатӣ доранд, баргузор намудаанд. Аз ҷумла, дар ҳамаи намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ  дар ин марҳила бо ҷалби фаъоли ҳамватанони бурунмарзӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва риояи анъанаҳои суннатӣ доир карда шуд.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҳошияи сафари роҳбарияти Кумита рузҳои 27-31 октябри соли 2024 ба вилояти Свердловски Федеретсияи Россия ба роҳбарони диаспораи тоҷикон ва  ҳамватанони бурунмарзӣ “Сипоснома”- и Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонидани роҳбарон ва аъзои диаспораҳои тоҷикон, аз ҷумла соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ дар робита ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳо дар доираи Ҳафтаи соҳибкорӣ бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” (12-18-уми октябр) санаи 12-уми октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон, коршиносони сатҳи миллию хориҷӣ ва беш аз 1000 нафар соҳибкорону сармоягузорон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” ва Форуми “Стартапстан” баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур Намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ гузаронида шуда, дар он беш аз 30 ширкати ватанӣ  молу маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд. Дар қисмати тантанавӣ 50 нафар соҳибкорони ватанӣ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти мамлакат, корҳои ободонию созандагӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ бо ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.         

Банди 5. Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзуи «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҳлати иҷро: солҳои 2020-2024 татбиқ шуда истодааст ва натиҷаҳои асосии илмӣ доир ба равандхои ташаккули диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар ва муайянсозии дурнамои онҳо, бо дарназардошти ҷамъбасти хулосаҳо дар соли ҷорӣ, барои татбиқи он дар истеҳсолот ба унвонии вазорат пешниҳод карда мешаванд. 

Мавриди зикр аст, ки Институти иқтисодиёт ва демографияи академия  22 ноябри соли 2024 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Нақши диаспорањо ва муҳоҷирон дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намоянданони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, доираҳои илмӣ,  ташкилотҳои ҷамъияти ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Банди 8. Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наќшаи ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти олї, миёна ва ибтидоии касбии кишвар барои фарзандони аъзои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз њисоби буљети давлатї барои солҳои тањсили 2024-2025, дар маҷмуъ, 49 ҷой ҷудо намудааст, ки аз ин шумора дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 30 ҷой, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 10 ҷой ва ибтидоии касбӣ 9 ҷой мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Тартиби қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони аъзои диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2022, №9/54 тасдиқ гардида, барои мавриди амал қарор додани он фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2022, №1022 ба тавсиб расид.

Тибқи талабот дар асоси мактуби тавсиявии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳар як ҷойи пешбинишуда ҳуҷҷатҳои на камтар аз се довталабро ба комиссияи озмуни  қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин ашхос пешниҳод менамояд.

Дар соли хониши 2024-2025 аз ҷониби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ рӯйхати хоҳишмандон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ пешниҳод нагардид.

Банди 7, 9 ва 18. Тибқи маълумоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соли 2024 як қатор барномањои телевизионї ва радиої оид ба њаёт ва фаъолияти диаспорањои тољикон, соњибкорон, олимон, њамватанони бурунмарзї ва донишљўёни тољик бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатӣ омода ва пешниҳоди бинандагон намудаанд.

Аз ҷумла, доир ба ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, олимон, тоҷикони бурунмарзӣ ва донишҷуёни тоҷик дар Федератсияи Россия 54 гузориш пахш гардид. Бахусус ҷараёни тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, Маркази савдои шаҳри Москва, шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург ва Санкт-Петербург.

 Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷараёни сохтмони 2 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Роштқалъа, 1 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шуғнон, 2 нуқтаи савдо ва 1 меҳмонхона дар ноҳияи Ишкошим, 1 майдончаи варзишӣ дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, таъмири мактаб дар ноҳияи Мурғоб, инчунин дар шаҳри Хоруғ ба истифодасупории мағозаи фурӯши пойафзол, ифтитоҳи қаҳвахона ва тарабхонаи “Шоми Хоруғ”, ки бо дастгирии ҳамватанони бурунмарзӣ маблағгузорӣ ва бунёд гардидаанд, инъикоси худро пайдо намуданд. 

Маҷмуан, дар ин муддат 58 хабару гузориши телевизиониву радиоӣ оид ба ҷалби ҳамватони бурумарзӣ хамчун шарикони рушди кишвар таҳияву манзури бинандагон ва шунавандагон гардиданд, ки аз он 32 хабару гузориши телевизионӣ мебошад. Ҷиҳати амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 Телевизиони Кӯлоб бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб, масъулони Хадамоти муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои минтакаи Кулоб, маъмурияти Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кулоб ва рохбарияти фурудгоҳи байналмилалии Кулоб хамкории зич дошта, аз баргузории чорабиниҳо ва вохӯриҳои судманд, ки дар доираи рушди сармоягузорӣ, иқтисод ва савдо бо ҳамватанони бурунмарзӣ доир гардид, гузоришҳои муфассал таҳия ва манзури тамошобинон гардонид.

Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки бо донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Москва, Уляновск, Рябинск, Кострома, Иваново, Ярославл, Воронеж ва донишгоҳҳои технологии Ҷумҳурии Узбекистан, Хиндустон ва Хитой хамкорӣ ва шартномаҳои тарафайн доранд, дар соли 2024 дар донишкада конфронси сатҳи байналмилалӣ баргузор намуд, ки аз ҷараёни ин конфронс 3 барнома ва гузоришҳо пешниҳоди бинандагон гардонида шуд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар кори конфронс мавриди баррасӣ карор дода шуд, ин рушди иктисодиёт ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар хориҷи кишвар буд.

Тариқи Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он доир ба саҳми ҳамватаноне, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранду дар рушди кишвар саҳм мегузоранд, 10 хабару 7 гузориш аз шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав 1 гузоришу 3 хабар, аз вилояти Суғд 3 гузоришу 4 хабар, аз вилояти Хатлон  2 гузоришу 3 хабар садо додааст. Дар гузоришҳои мазкур нақши ҳамватанони бурунмарзӣ дар маблағгузории соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла дар самти асфалтпушкунии роҳҳо бо ташаббуси президенти Федератсияи байналмилалии бокс (AIBA Умар Назарович Кремлёв) бозтоб гардиданд.

Инчунин, оид ба фаъолияти тоҷикони бурунмарзӣ аз шабакаи “Овози тоҷик” мусоҳиба бо профессори Донишгоҳи Нюджерсии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Елена Негматуллаева-Нева дар бораи фарҳанг ва шинохти тамаддуни тоҷикон ба самъи шунавандагон расонида шуд.

Њамчунин, аз љониби намояндагињои дипломатї ва муассисањои консулии Тољикистон дар њудуди Россия, дар њамкорї бо васоити ахбори омма ахбору маќолањои зиёде оид ба фаъолият ва амалњои неки љамъиятњои тољикон ва њамватанон дар расонањои иттилоотии Россия ба нашр мерасанд.

Дар нашрияи “Шуѓл ва муњољират”-и Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон  дар соли 2024, мавод оид ба  фаъолияти соњибкорон-њамватанони бурунмарзии муќими Федератсияи Россия ва Љумњурии Ќазоќистон, ки  кор ва зиндагї менамоянд ва дар корњои ободонию созандагии љумњурї фаъолона њиссагузорї карданд, пайваста ба нашр мерасанд. 

Ҳамзамон, дар сомонаҳои расмии Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон маълумот доир ба њаёт ва фаъолияти диаспорањои тољикон, соњибкорон, олимон, точикони бурунмарзї, њамватанони бурунмарзї ба таври доимӣ ҷой дода шуда истодаанд.  Аз ҷумла, дар сомонаи интернетї (diaspora.tj) маълумот мунтазам ҷой дода мешаванд.

Инчунин, дар соли 2024 аз ҷониби Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 89 маводи иттилотӣ доир ба фаъолияти диаспорањои тољикон (љамъиятњои тољикон), соњибкорон, олимон, точикони бурунмарзї омода ва дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ ҷой дода шудаанд.  

Банди 10, 11, 16 ва 17. Тибќи маълумоти Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон, бо ташаббус ва дастгирии Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги ФР ба мақсади мусоидат ба интиқоли ҷасади ҳамватанони фавтида ба Тоҷикистон, Фонди ғайридавлатии хайриявии “Хайрия” таъсис дода шуда, дар соли 2024 барои татбиқи ҳадафи зикргардида беш аз 4 миллион рубли русӣ маблағ сарф кардааст.

Тақвияти иртибот бо ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин муаррифии мероси ғании фарҳангии миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин замина, ташкили марказҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои ҳунарии тоҷикӣ дар кишварҳои иқомати диаспораҳои тоҷикон ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаҳои маҳаллӣ ба фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, дар Австрия 15 майи соли 2024 дар шаҳри Вена бо ташаббуси диаспораи тоҷикон ва бо дастгирии намояндагии дипломатӣ, ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Австрия ба фаъолият оғоз намуд. Ин ҷамъият заминаи муҳим барои ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва тавсеаи равобити фарҳангии байни ду кишвар гардид.

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон, дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Ин гӯша бо нигораҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои анъанавии атлас ва чакан, сузаниҳои гулдӯзӣ, созҳои мусиқӣ ва мусаввараҳои манзараҳои Тоҷикистон, оро дода шуд. Ҳамчунин, дар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон, ба Осорхонаи асбобҳои мусиқии халқии шаҳри Алмато 23 адад асбоби мусиқии миллӣ тақдим карда шуд, ки муаррифгари ҳунари мусиқии тоҷикӣ ба сокинони маҳаллӣ гардид. 

Ҳамчунин, дар Қазоқистон маҳфили бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки олимон ва аҳли фарҳанг доир гардид. Дар чорабинӣ фаъолияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар нашри “Шоҳнома” ва эҳё намудани эҷодиёти нобиғаи форсу тоҷик баррасӣ шуд.

Дар Белгия бо ташаббуси тоҷикони муқими кишвар, Анҷумани фарҳангии “Диёр” таъсис дода шуд, ки ба фаъолияти фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҳамватанон равона гардидааст. 

Илова бар ин, Сафорати Тоҷикистон дар Беларус бо ҷамъияти “Сомониён”, маҳфили “Бонувон” ва Шурои донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Намояндагии дипломатӣ онҳоро пайваста бо маводи таълимӣ ва ҳунарӣ, дискҳои аудио-видеоӣ ва лавозимоти миллии ороишӣ таъмин мекунад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва таҳкими иртиботи ҳамватанон саҳми муҳим дорад. 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аз ҷониби Муассисаҳои нашриявии вазорат «Ирфон», «Адиб», «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Адабиёти бачагона» оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, бо мақсади таъсиси гӯшаи Тоҷикистон ва таъмин намудани марказҳои омӯзиши фарҳанг ва забони тоҷикӣ барои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия якнусхагӣ – 150 адад, китобхонаи шаҳри Новосибирск якнусхагӣ -154 адад, донишкадаҳои Ҷумҳурии Беларус якнусхагӣ – 149 адад ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон якнусхагӣ – 128 адад китобҳои тозанашр тариқи роҳҳои дипломатӣ ба суроғаҳои зикрёфта ирсол шудаанд.

Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки вазорати фарҳанг бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар муносибатҳои танзимшударо ба роҳ мондааст. Вобаста ба иҷрои банди дахлдори нақшаи мазкур, аз ҷониби вазорат бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти марказҳои фарҳангии миллӣ, ҷамъиятҳо ва ҷамоатҳо берун аз ҳудуди мамлакат бо мақсади ҳифзу рушди забони модарӣ, фарҳанг, анъана ва расму оинҳо сару либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои миллии ҷашнӣ ва дигар лавозимоти соҳаи фарҳанг ба сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ирсол карда шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, тавассути имкониятҳои намояндаи расмӣ дар Федератсияи Россия, ҷиҳати таъсиси марказҳои миллии фарҳангию ҳунарии тоҷик дар Федератсияи Россия ба диаспораҳои тоҷикон мунтазам мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, дар доираи Нақшаи Шӯрои ҷамъияти назди Сафорати ҶТ барои соли 2024 Гурӯҳи кории Шӯро оид ба алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои миллӣ фарҳангӣ, бо фаъолону роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳо доимо дар тамос буда, ҷиҳати ташкил додани ташкилоту созмонҳо ва марказҳои минтақавӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, бо мусоидати Гурӯҳи кории мазкур дар ш. Қрим ва дар ш. Растови лаби Дон ФР ташкилоти минтакавии “Мадад” созмон дода шудааст.

 Бо мусоидати Шӯро ва имкониятҳои созмону ташкилотҳои ҷамъиятии дар хориҷи кишвар барои омӯзиши забон, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои тоҷикон барои фарзандони диаспораҳои тоҷикон муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд.

Банди 12.  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар соли 2024 зиёда аз 20 ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла бо давлатҳои Қатар, Ӯзбекистон, Италия, Ҷопон, Озарбойҷон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Хитой, ИМА, Қазоқистон, Малайзия, Сингапур, Миср ва Хорватия баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар рафти баргузории чорабиниҳо аз ҷониби масъулини Кумита маълумот оид ба имтиёзҳо ва кафолатҳои додашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорон дар доираи қонунгузории мамлакат дар шакли рӯнамо пешкаш гардид.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии амниятии миллӣ аз ҷониби намояндаи расмии кумита дар шаҳрҳои Москва, Пенза, Қазон, Екатеринбург, Хабаровск, Махачкала, Краснодар ва  Сочии Федератсияи Россия бо намояндагони диаспораҳои тоҷик вохӯриҳои ташвиқотиву таблиғотӣ гузаронида шудаанд. Чунин вохурӣ, конфронс ва мизҳои мудаввар аз ҷониби кулли ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар кишвари иқомат мунтазам гузаронида мешаванд.

Инчунин, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстримизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бо иштироки диаспораҳои тоҷикон(ҷамъияти тоҷикон), соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Россия силсила вохӯриҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо баргузор карда шуданд.

Ҳамзамон, соли 2024 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо аъзои котибот, роҳбари гурӯҳи кори оид ба кор бо занони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия Азимова Дилором вохӯрӣ намуда, вобаста ба вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи имрӯзаи занону бонувони тоҷик ва оид ба ҳамкориҳои судманди минбаъда ҷиҳати беҳбуди вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби занони муҳоҷир ба курсҳои омӯзишӣ, ба шуғл фаро гирифтани онҳо ва нақшаҳои ояндаи кумита дар ин самт суҳбат баргузор гардид. 

Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамасола аз ҷониби маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар давлатҳои хориҷа бо иштироки васеи донишҷӯёни тоҷик чорабиниҳои гуногуни маърифатию иттилоотӣ доир карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз соли 2014 инҷониб дар назди кумита таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он муттаҳид намудани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва дар ин замина, муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад. Маҳфили мазкур то кунун намояндагии худро дар 17 давлати дунё ва 25 вилояти Федератсияи Россия таъсис дода, пайваста бо доираи васеи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар чорабиниҳои гуногунро доир менамояд.

Дар ин замина, бо мақсади шиносоӣ аз шароити зист ва рафти донишомӯзии ҷавонони тоҷик дар як моҳ як маротиба онлайн мулоқот бо иштироки донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсилдошта баргузор карда мешавад. 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати давлатии ҷавонон, боло бурдани зиракии сиёсии онҳо ва пешгирии насли ҷавон аз омилҳои номатлуб 18-19 октябри соли 2024 мулоқоти раиси кумита бо ҷавонон, донишҷӯён ва варзишгарони дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқористон Федератсияи Россия иқомат дошта баргузор гардид.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо донишҷӯён муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” тавзеҳ дода шуд. Раиси Кумита вобаста ба дӯст доштани Ватан, муаррифии сазовори фарҳанги куҳан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ сӯханронӣ намуда, бо ҷавонон ва донишҷӯён суҳбати озод намуданд.

Ҳамзамон, ишора ба таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати ҷавонон, хусусан донишҷӯён, онҳоро ба хониши хубу аъло, гирифтани донишу малакаи баланд, аз худ кардани касбу ихтисосҳои барои кишвари мо муҳим ва риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат даъват намуданд.

Банди 13. Аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа мунтазам чорабиниҳои таблиғоти бо иштироки ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ ва донишҷӯён доир гардида, зимни онҳо масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, иқдомоти байналмилалии роҳбарияти олии Тоҷикистон, нақши ҷавонон дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, соли 2024  мулоқоти кормандони Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ бо ҳамватанони фаъоли муқими ИМА анҷом дода шуд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги кишварҳои Осиё, Аврупо ва Африқо дар Донишгоҳи “ал-Қосимия”-и Амороти Муттаҳидаи Араб гӯшаи Тоҷикистон ташкил шуда, ба меҳмонон дар бораи фарҳанги пурғановати миллӣ ва суннатҳои бостонии ниёгони тоҷик маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ доир карда мешавад.

Дар ин самт кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистаон, ки бо сафари хизматӣ ба Федератсияи Россия қарор доштанд, бо фаъолон, омӯзгорон, ходимони илмӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва роҳбарони диаспараҳои тоҷик дар робитаи зич қарор дошта, оид ба дастгирии сиёсати пешрафтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои фарҳангию мадании байни диаспараҳо, дастгирӣ ва ҳурмату эҳтироми якдигарӣ, пешгирии ҷавонон аз пайравӣ ба ақидахои бегонапарастй, амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва дигар қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ мебаранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2024 аз ҷониби Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 321 вохӯрӣ бо роҳбарони диаспораҳо (ташкилотҳои ҷамъиятӣ), ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо гузаронида шудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо занони тоҷики муқими шаҳр ва муҳоҷирони тоҷик вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни баргузории суҳбат дар вохӯрии мазкур раиси кумита, оид ба ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд, бардоштани мақоми занон, донишҷуён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ёдовар шуданд. Илова бар ин, барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеаро дар хориҷи кишвар таъкид намуда, ҷиҳати шукуфонию ободонии давлат аз соҳибкорони бурунмарзӣ даъват ба амал оварданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани вохўрию суњбатњо бо диаспорањои тољикон (љамъиятњои тољикон), соњибкорон, њамватанони бурунмарзї, донишљўён ва муњољирони мењнатї дар хориљи кишвар бо маќсади гузаронидани корњои иттилотию фањмондадињї оид ба сиёсати давлати Тољикистон дар соли 2024 аз хориҷи кишвар 50 нафар табибон ва 62 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба ҷумҳурӣ баргаштанд, ки ҳамаи онҳо дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Банди 14. Тибќи иттилои Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати иҷрои банди мазкур якҷо бо сафорат ва намояндагиҳои кишвар дар хориҷи мамлакат, вобаста ташкил намудани саёњат ва истироњат ба ватани аљдодї барои фарзандони диаспорањои тољикон (љамъиятњои тољикон) ва њамватанони бурунмарзї чораандешӣ намуда истодааст.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу курортҳои Тоҷикистон, муҳокимаи нақшаҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳои мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия таҳти роҳбарии раиси кумита ҳайати Тоҷикистон иборат аз масъулини Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, намояндаи шабакањои Телевизиони Тоҷикистон, роҳбарони ҶСК “Курортҳои Тоҷикистон”, ҶСК “Хоҷа Оби Гарм”, ҶДММ “Баҳористон” ва ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Скай тур” ҶДММ “Ориент адвентур” ва Агентии сайёҳии корпоротивии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфа анҷом дода шуд.

Боиси қайд аст, ки дар доираи сафар  дар ҳамкорӣ бо диаспораҳо дар шаҳри Самара, ба саёҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохўрии роҳбарияти кумита ташкил гардида, дар он тавассути рӯнамо оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ва маводи иттилоотии сайёҳӣ маълумот дода шуд.

Инчунин, иқдоми мазкур дар шаҳри Тюмен дар ҳамкорӣ бо раиси Ташкилоти минтақавии ҷамъияти Тоҷикон “Маркази фарҳангии Пайванд” ташкил гардида, аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси кумита рӯнамо оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ба ҳозирин пешниҳод карда шуд. Дар ҳошияи сафар дар ҳамкорӣ бо Консулгарии генерелӣ дар шаҳри Уфа оид ба ҷалби сайёҳон ва ҳамватанон бо мақсади сайёҳат ба Тоҷикистон рӯнамо оид ба имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон, курортҳо ва осоишгоҳҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ пешниҳод гардид.

Дар баробари ин, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси ин кумита ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби саёҳон аз Федератсияи Россия бо як қатор роҳбарони вазорату идораҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт- Петербург, роҳбарияти Вазорати сайёҳии вилояти Самара, вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия, директори Агентии давлатии сайёҳии шаҳри Тюмен, Ширкати ҳавопаймоии “Ютэйр” ва вазири соҳибкорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон суҳбату вохӯриҳо дар доираи сафар анҷом дода шуд.

Дар натиҷа ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи саёҳон аз Федратсияи Россия ба Тоҷикистон байни ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Россия ва ширкатҳои сайёҳии кишвар, осоишгоҳу курортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 адад санади ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Инчунин, барои ҷой додани портали миллии сайёҳӣ www.traveltajikistan.tj ва сомонаи расмии кумита www.ctd.tj дар портали интернетии диаспораҳои тоҷикон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ омода гардидааст, расман пешниҳод карда шуд.

Дар заминаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ як қатор маводи иттилоотию тарғиботӣ, аз ҷумла беш аз 500 басти маводи муаррификунандаи симои сайёҳӣ, дар самтҳои сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, куҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин маҷмуи руқъаҳо аз мавзеъҳои назаррабои кишвар таҳия гардида, дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, васеъ тақсим карда шуданд.

Банди 15. Дар робита ба иљрои банди мазкур аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чун анъана ба муносибати ҳамаи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивал, конфронс, озмун, мусобиќаҳо варзишӣ бо иштироки ҷамъиятҳои тоҷикон ташкил карда шуд. Чунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ дар шаҳрҳои Москва,  Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирски Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Олмон, ИМА  ва ғайра низ бо иштироки диаспораҳои тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳадафи муаррифии тамаддуни тоҷикон ва нишон додани таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ ба таври фарогир дар манотиқи Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои арабӣ доир гардиданд. Аз ҷумла, дар Австрия бо ташаббуси Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Австрия барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик, аз қабили Сироҷиддин Ҷӯраев, Равшанбек Ҷӯраев ва Мадина Сабирова, бо ҷалби ҳамватанони муқим ва корпуси дипломатии муқими Австрия баргузор шуд. Дар баробари ин, дар ш.Вена шоми фарҳангии муштараки кишварҳои форсизабон таҳти мавзӯи “Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО” сурат гирифт, ки дар он ҳунармандони тоҷик бо барномаи консертӣ ширкат варзиданд. 

Ҳамзамон, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай якчанд чорабиниҳоро, аз ҷумла Иди байналмилалии Наврӯз ва рӯзҳои фарҳангӣ, бо иштироки шахсони расмӣ, ҳамватанон ва санъаткорони тоҷик, баргузор намуд. Дар ин чорабиниҳо гӯшаҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия низ чорабиниҳои илмӣ, адабӣ ва варзиширо ба муносибати ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доир намуд. Инчунин, барномаи варзишӣ дар Истанбул бо ҷалби донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия баргузор намуд.

Дар Фаронса, бо ибтикори Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Анҷумани “Рӯдакӣ” дар қароргоҳи ЮНЕСКО силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва намоиши ҳунарҳои дастӣ, доир гардид. Дар доираи ин чорабиниҳо намояндагони илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои мухталиф ширкат намуданд. 

  Дар Федератсияи Россия низ силсилаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашнҳои миллӣ ва рӯзҳои хотирмон баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар ш.Санкт-Петербург конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров намоиши фарҳангӣ ва филми кӯтоҳмуддат бахшида ба зиндагӣ ва фаъолияти ин шахсияти таърихӣ пешниҳоди тамошобинон шуд.

  Чорабиниҳои фарҳангӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ хеле таъсирбахш буданд. Ҷашни иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлолият бо ҷалби беш аз 300 нафар шаҳрвандони тоҷик таҷлил гардид.

  Дар Қазоқистон ва кишварҳои дигари минтақа низ бо дастгирии намояндагиҳои дипломатӣ ҷашнҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, дар Алмаато намоиши фарҳангӣ бо маърази гӯшаҳои миллӣ, намоиши китобҳо ва хӯрокҳои миллӣ сурат гирифт.

Аз љониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади ҳамкорї намудан бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонидани роҳбарон ва аъзои он, инчунин, ҳамасола дар санаи 14 октябр бо назардошти дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мизи мудаввар бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони шарикони рушд баргузор карда мешавад.

Банди 19. Тибқи маълумоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди мазкур айни замон, дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамагӣ 283 иншоот ба маблағи 481 миллиону 528 ҳазору  100 сомонӣ сохта шуда, то соли 2025 ҳамагӣ 120 иншоот ба маблағӣ 281 миллиону 738 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.  Инчунин, 279 ҳазору 600 сомонӣ барои кӯмакпулӣ ба шахсони ниёзманд, камбизоат ва маъюбон равона шудааст.

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 42 иншоот ба маблағи 2 миллиону 269 ҳазору 400 сомонӣ сохта шуда, 164 ҳазору 900 сомонӣ барои кӯмакпулӣ ба шахсони ниёзманд, камбизоат ва маъюбон равона шудааст.

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 145 адад маркази савдо, хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, ба маблағи 369 миллиону 849 ҳазору 200 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, бунёди 96 иншоот бо маблағи
251 миллиону 918 ҳазор сомонӣ то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак,
Ҷ. Балхӣ, Вахш, Ёвон, Темурмалик, Хуросон, Дӯстӣ, А. Ҷомӣ, Фархор,
Ш. Шо
ҳин ва Панҷи вилояти Хатлон 39 иншоот ба маблағи 9 миллиону 862 ҳазору 400 сомонӣ сохта шуда, 114 ҳазору 700 сомонӣ барои кӯмакпулӣ ба шахсони ниёзманд, камбизоат ва маъюбон равона шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Шаҳринав ва Сангвор аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ хусусан шаҳрвандоне, ки тули солҳо дар хориҷи кишвар буду бош доранд, дар сохтмону бунёди 57 адад иншооти хурду бузург ба маблағи 99 миллиону 547 ҳазору 100 сомонӣ сохта шуда, 24 лоиҳаҳои дигар ба маблағи 29 миллиону 820 ҳазор сомонӣ то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ (Хоруғ ва Рӯшон), вилояти Суғд (Зафаробод, Бӯстон), вилояти Хатлон (Кӯлоб, Бохтар, Леваканд, Восеъ, Данғара, Қубодиён, Кӯшониён, Ҷайҳун, Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритус, Н. Хусрав ва Балҷувон), шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Варзоб, Рашт ва Рӯдакӣ) аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар буда, ки саҳми худро дар соҳаҳои иқтисодиёт гузоштан мехоҳанд, ба қайд гирифта нашуда, ҷиҳати масъалаи мазкур нақшаҳои корӣ тартиб дода шуда, ва дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Роғун, Ваҳдат, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, Лахш, Шаҳринав ва Сангвор аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ хусусан шаҳрвандоне, ки тули солҳо дар хориҷи кишвар будубош доранд, дар сохтмону бунёди 63 адад иншооти хурду бузург ба маблағи 91 миллиону 433 ҳазору 460 сомонӣ сохта шуда, 45 адад лоиҳаи дигар ба маблағи 122 миллиону 925 ҳазор сомонӣ то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Бандҳои 20, 21 ва 22 Қобили қайд аст, ки бо мусоидати намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои аз офатҳои табии осебдидаи кишвар кумаки башардӯстонаи соҳибкорони муваффақ ва фаъолони диаспораҳои тоҷики муқими Қазоқистон ба маблағи 30 ҳазор доллари  амрикоӣ дастрас гардид.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мавқеи диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти онҳо – интиқоли технологияҳои нав, расонидани кӯмакҳои моддӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳои хайриявӣ барои дастгирии ҷомеа мебошад.

Дар ин замина, “Анҷумани Сомониён” ният дорад дар Тоҷикистон Фонди хайриявӣ ташкил намояд, ки ҳадафи он расонидани кӯмак ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон, кӯдакони бепарастор ва пиронсолон мебошад. Айни замон пешниҳоди мазкур дар баррасии ниҳоди ваколатдори кишвар қарор дорад. 

Соҳибкорон ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон низ дар лаҳзаҳои сахти ҷомеа бетараф намемонанд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ соҳибкорони муқими шаҳри Алмато ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон 20 тонна орд ҳамчун кӯмак расониданд.

Ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушд барои ободонии минтақаҳои гуногуни кишвар саҳм мегузоранд. Масалан, соҳибкор Яздонов Олимҷон дар зодгоҳи худ, деҳаи Саразми ноҳияи Панҷакент, мактаби муосир сохтааст. Ҳамчунин, бо дастгирии роҳбари диаспораи тоҷикони вилояти Ярослав, Мирзохоҷаев Рустам, дар ноҳияи Кушониён роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш гардиданд. 

Дар шаҳри Санкт-Петербург соҳибкор Нуров Маҳмадёр беш аз ду тонна пойафзол ва либосвории мардонаву кӯдаконаро ҷамъоварӣ намуда, ба зарардидагони сел дар шаҳри Кӯлоб ирсол намуд. Бо мусоидати Шӯрои диаспораҳои вилояти Ленинград ва раиси диаспораи шаҳри Великий Новгород Ғафуров Довуд  20 тонна семент ва маблағи 24 750 сомонӣ барои зарардидагон пешниҳод карда шуд. 

Дар минтақаҳои дигари кишвар низ кӯмакҳои шабеҳ анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, соҳибкорони ноҳияи Қубодиён, Кулиев Неъмат ва Ишмуминов Илҳом, бо харҷи 23 000 сомонӣ роҳҳои маҳаллиро мумфарш намуда, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ба маблағи 148 000 сомонӣ бунёд карданд. 

Соҳибкорони ҳавзаи федералии Урали Россия низ дар корҳои ободонӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла, Додобоев Мусоҷон дар шаҳри Истаравшан мактаби ибтидоӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохт. Шаҳрванд Идиев Сайвалӣ дар шаҳри Екатеринбург низ тавассути сохтани корхонаи истеҳсолии пенаблок ва сементблок бо харҷи 300 ҳазор доллар ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат намуд. 

Илова бар ин, диаспораи тоҷикони вилояти Новосибирск дар минтақаи Рашт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ кард. Онҳо роҳҳои маҳаллиро мумфарш карда, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маркази тиббӣ ва нуқтаи хизматрасонии мошинҳо бунёд намуданд. Ҳамчунин, барои оилаҳои аз заминларза осебдида 180 000 сомонӣ кӯмак расониданд. Ҳамаи ин иқдомот нишон медиҳанд, ки диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва расонидани ёрии башардӯстона нақши муҳим мебозанд.

Тибқи иттилои  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳамватанони бурунмарзӣ ва соҳибкорони бурунмарзӣ,  ки дар ҷашни 33-солагии Истиклолияти давлатӣ иштирок намудаанд, ҷиҳати сохтмони  корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, иншоотҳои таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ ва фарҳанги аз хисоби маблағҳои шахсии худ то ҷашни 35-солагии  Истиклолияти давлатӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро ташаббус намудаанд. Аз ҷумла:

 Ҳамдамов Хуршед Набиевич аз шаҳри Новокузнетски Федератсияи Россия, ки сохта ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2000 талаба дар шаҳри Истаравшан, мумфарш кардани роҳ ба масофаи 9 км, чароғон кардани 5 киллометр роҳи деҳа, сохтмони боғчаи бачагон бо ғунҷоиши 500 нафарро ба уҳда гирита буд, арз кард, ки сохтмон дар авҷ аст ва мутобиқи нақша пеш рафта истодааст.

 Алиев Ҷамшед аз шаҳри Алма-Атои Қазоқистон, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар ҷамоати деҳоти Муҷахарфи ноҳияи Нуробод барои 600 нафар хонанда ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки шуруъи корҳои сохтмонӣ аз моҳи марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, лоиҳаи мактаб мавҷуд аст ва то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом хоҳад расид.  Ҳамзамон номбурда нақша дорад, ки роҳи деҳаро, ки ба тарафи муассисаи навбунёд меравад мумфарш кунад.

Соҳибкор Саидов Назрихуҷа бо падараш Саидов Сайвалӣ аз вилояти Сахалини Федератсияи Россия дар ноҳияи Нуробод як бинои 5 ошёнаи ташхиси бемориҳо “Маркази саломатӣ” бунёд карда истодааст. Сохтмони бино анҷом ёфта, рӯйпӯш кардани бом, насби дару тирезаҳо, таъмиру тармими даруни бино давом дошта, то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмон ба анҷом хоҳад расид. 

Яқубов Ғиёз Қурбонович аз вилояти  Красноярски Федератсияи Россия, дар шаҳри Истаравшан, ҷамоати Гули Сурх, деҳаи Сари Мазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонанда ба уҳда гирифтааст, то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмон ба анҷом хоҳад мерасонад.

Додарбеков Абдурасул аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ноҳияи Рашт, ҷамоати Нусратулло Махсумов корхонаи истеҳсоли техникаи маиширо сохта истодааст. Дар сохтмони мазкур корҳои монолитӣ анҷом дода шуда, корҳои таъмири даруни бино низ оғоз меёбанд.

Замиров Саидҷон аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ният кардааст, ки дар ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Навбаҳор Маркази саломатӣ (бо таъмини автомашинаи ёрии тиббии таъҷилӣ) ва як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода диҳад, вале то ҳол ҳуҷҷатҳои қитъаи замин омода нашудааст. 

Умаров Мирзо аз шаҳри Ижевски Федератсияи Россия дар ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати Ваҳдат, деҳаи Навоӣ боғчаи кӯдаконаи томактабӣ барои 250 нафар сохта истодааст.

Муҳиддинов Диловар Абдуллоевич  аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия  иқдом гирифтааст, ки бо ҶДММ “Парки истеҳсолии базалт” як корхонаи саноатии истеҳсоли санги базалтро дар шаҳри Ҳисор бо сармоягузории 100 млн долари ИМА бунёд намояд.

Занҷиров Отабек, Савриддинов Сорбон, Нағзибеков Нағзибек ва Икромов Фурқат аз манотиқи Федератсияи Россия ба суратҳисоби махсус маблағ барои сохтмони мактаб дар шаҳри Душанбе  гузаронанд.

Наимов Фирдавс аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия, айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 бинои замонавии истиқоматӣ бо таваққуфгоҳҳо сохта истода, дар сохтмони дарвозаи ноҳияи Рудакӣ ва иваз кардани пайкараи Ленин бо Рӯдакӣ саҳмгузор мебошад. Ҳамчунон тасмим дорад, ки дар шаҳри Душанбе, бо гирифтани иҷозатнома, ягон муассиса ва ё корхона сохта ба истифода диҳад.

Соҳибкор Ҷумаев аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар маҳаллаи Фалакони ноҳияи Рудакӣ тасмими бунёди як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонанда ва як боғчаи бачагона барои 250 нафарро ба нақша гирифтааст.

  Ишмуминов Илҳомҷон Хуррамович аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератситяи Россия тасмим дорад, ки дар ноҳияи Қубодиён бо гирифтани иҷозатномаи мақомоти салоҳиятдори ноҳия, дар ҷойи бинои собиқ ПТУ мактаб ва варзишгоҳ сохта ба истифода диҳад.

Дар маҷмуъ, новобаста аз ҷой доштани баъзе мушкилиҳо дар гирифтани иҷозатномаи истифодаи қитъаи замин ва дастрас кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ аз мақомотҳои салоҳиятдори шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот, соҳибкорони бурунмарзӣ  омодаанд дар сохтмони  корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, иншоотҳои таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ то ҷашни 35-солагии  Истиклолияти давлатӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Бинобар ин салоҳ мешуморем, ки масъалаи дастгирии соҳибкорони бурунмарзӣ дар сохтмони  корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, иншоотҳои таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдори ҷумҳурӣ ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ дуруст ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи кишвар ва Намояндагии Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират корҳои мақсаднокро ҷиҳати ҷалби имконияти роҳбарону фаъолони диаспораҳои тоҷикон ва соҳибкорони бурунмарзӣ барои корҳои ободонӣ дар ҷумҳурӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда, онро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.

Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои роҳбарият ба хориҷа бо ҳамватанони фаъоли муқими кишварҳои хориҷӣ мулоқотҳо намуда, барои ҷалби онҳо ҷиҳати сармоягузорӣ намудан дар соҳаҳои афзалиятнок ва мусоидат намудан дар таъмини ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меоваранд. Ҳоло дар 17 кишвари ҷаҳон намояндагиҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки онҳо низ барои ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳайси шарикони рушд дар доираи ваколатҳои худ корбарӣ намуда истодааст.

Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши вазири корҳои хориҷӣ аз 21 феврали соли 2022, №129 сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумхурии Тоҷикистон дар давлатҳои Белгия, Олмон, Австрия, ИМА, Малайзия, Миср, Фаронса, Швейтсария ва Британияи Кабир ҷиҳати ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба сохҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе вобаста карда шудаанд.

Банди 23. Вазорат маълумот оид ба  иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 июни соли 2021, №213 “Дар бораи Наќшаи чорабинињо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи љалби њамватанони бурунмарзї њамчун шарикони рушди кишвар барои солњои 2021-2025” ҳар нимсола аз  вазорату идорањои дахлдор ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистонро љамъбаст намуда,  аз иљрои корњои анљомдодашуда тибќи тартиби муќарраргардида ба Њукумати Љумњурии Тољикистон ахбор ирсол менамояд.  

Банди 24. Љойгиркунии маълумот оид ба мониторинг ва арзёбии наќшаи чорабинињо дар сомонаи Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва дигар воситањои ахбори омма.

Маълумот оид ба мониторинг ва арзёбии Наќшаи чорабинињо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи љалби њамватанони бурунмарзї њамчун шарикони рушди кишвар барои солњои 2021-2025 дар сомонаи вазорат ва нашрияи “Шуѓл ва муњољират”-и  Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон љойгир ва ба нашр мерасанд.