МАҚОМИ АВВАЛИ ДАСТАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОН

Дастаи футболи хӯрди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар мусобиқаи футболи хӯрд миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тотористон мақоми аввалро соҳиб гардид.
Дастаи футболи муҳоҷирони тоҷик бо ҳисоби 2:2 бо дастаи халқҳои Африқо мусовӣ намуда, дастаи муҳоҷирони узбекро бо ҳисоби 1:4 шикаст дода, бо ҳисоби калон 6:2 дастаи муҳоҷирони Арманистонро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ баромад.
Дар даври ниманиҳоӣ дастаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳисоби 7:2 дастаи мактаби №2 (Россия) – шикаст дода, ба финали мусобиқа баромаданд.
Дар финали мусобиқаи мазкур дастаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо дастаи муҳоҷирони арменӣ миёни ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 3:2 дастаи мазкурро шикаст дода, мақоми аввали мусобиқаро соҳиб гардиданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқаи мазкур ҷоизадорони мақомҳои ифтихориро бо Ҷом, медал ва сипоснома сарфароз гардониданд.