ВОХУРИИ СУДМАНД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ "ТЁПЛЫЙ СТАН"
Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат дар маркази тиҷоратии “Тёплий Стан” бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоти вохӯрӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағийротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гуруҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон маълумотҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағийротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба иттилои шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гурурҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гуруҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гуруҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гуруҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Инчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, ки тавассути омилҳои гуногун ба шаҳрвандон сироят меёбанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, даъват ба амал овард шуд, ки ваъзи беҳдошти саломатии худро хуб нигоҳ доранд.
Дар фарҷоми мулоқот ба муҳоҷирон иловатан иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати қонунигардони дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағийрот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба масъулини Намояндагӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 ; (WhatsApp)


