Рӯзи халқҳои Урал дар Екатеринбург.

31.08.2025. дар боғи ,,Маяковский,,-и шаҳри Екатеринбург, ҷашни иди ,,Рӯзи халқҳои Урал,, баргузор гардид.
Тоҷикон низ дар қатори дигар миллатҳо, дастархони тоҷикона ороста, меҳмонони боломақом, миллатҳои гуногун ва мардуми маҳаллиро, бо меҳмоннвозии тоҷикона, қабул карданд.
Иҷрокунандаи Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, Зафар Соҳибов, дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони шаҳри Екатеринбург ва вилояти Свердловск, намояндагони вазоратҳо, муфтии Марказии Россия бо муфтиҳои вилоят, амбусмени вилоят ва халқҳои гуногун меҳмони ҳавлии тоҷикӣ , буданд.
Фаъолони ҷамъияти тоҷикони ш.Екатеринбург, дар оростани дастархон ва қабули меҳмонон, саҳми калон гузоштанд.