Дидорбини аз бошандагони тоҷикистонӣ
дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони
хориҷии шаҳри Екатеринбург
Бегоҳирӯзии 19 июни соли 2025 ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров барои 125 бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбур, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар,(дар миёнашон 3 зан ), дастархони миллии тоҷикӣ бо оши палоб ва нони гарм, биоростанд. Суҳбатҳои самимию дилнишин ва тавзеҳӣ доир гаштанд
Ҳамаи бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ хеле шоду хурсанд шуданд ва арзи сипос карданд.
Ин иқдоми савобнок бо маслиҳати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, бо ибтикори ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва дастгирии соҳибкори тоҷиктабор, Ҳоҷи Шамсиддин, ки дар шаҳри Арамили вилояти Свердловск кор ва зиндагӣ мекунад, ба зуҳур пайваст.





