ИЛҲОМ БОБОЕВ БО МЕДАЛИ ҶАШНӢ САРФАРОЗ ГАРДИД!!!
Дар хонаи дӯстии Халқҳои шаҳри Ивановаи Федератсияи Россия бахшида ба ҷашни 80 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Иваново Илҳом Бобоев бо “Медали ҷашнӣ бахшида 80- солагии Ғалаба дар ҶБВ” сарфароз гардонида шуд.
Раиси Шӯрои ташкилоти умумироссиягии Ҷамъияти ветеранҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, Генерали Артиш Ермаков Виктор Фёдорович зимни тақдими медали ҷашнӣ оид ба хизматҳо ва ҷонисориҳои тоҷикон дар Ҷанги бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, саҳми тоҷиконро арзишманд изҳор намуд.
