КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА
БАРОИ ҶОМЕА ХАТАРНОК

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз, ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии аҳолӣ, тадбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва суботи оромии кишварҳо монеа эҷод мекунад ва хатари аз ҳама калон – нобоварии одамонро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Коррупсия дар шароити кунунӣ аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал шудааст. Таҳлил ва тадқиқи ин зуҳуроти номатлуб нишон медиҳад, ки он решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва ҳамзамон бо ташаккули давлатҳо зуҳур кардааст. Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст ва ба раванди иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср эътироф шудааст ва масоили мубориза ва муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмонҳо ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эълон шудааст.
Чунончи, ҷиҳати пешгирӣ, муқовимат ва муборизаи беамон бо ҷиноёти коррупсионӣ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат тасвиб гардид. Бинобар ҳамин, санаи 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» эълон шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур пайваст ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 онро тасвиб кард. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи беамон бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат алайҳи ин падида, дар заминаи Конвенсияи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Вазифаҳои асосии Агентӣ – назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, ошкор қатъ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва тадбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ мебошанд.
Тавре ки ба мо маълум аст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, инчунин ҷамъият ва давлат аз таҳдиди хатарҳои коррупсия, ошкор ва қатъ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, густариши доираи тадбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳими ташкилӣ ва амалиро таҳия ва тадбиқ мекунад.
Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона мебошад ва набояд танҳо ба дӯши мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор карда шавад. Ҷиҳати муқовимат бо ин падидаи номатлуб ва решакан кардани он борҳо роҳбарияти олии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар 26 январи соли 2021 таъкид карда буданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир бо он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошт ва ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани ин вабои аср заминаи меъёрӣ – ҳуқуқии лозима фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия, тасвиб ва нофиз шудаанд.
Аз ҷумла, дар таҷрибаи кишвари мо мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар ибтидо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005, №100 ташкил ва амалӣ карда мешуд. Баъдан бо таъсиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии он такмил дода шуданд.
Минбаъд асноди дигари умумидавлатӣ, аз ҷумла, «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3 августи соли 2021, №222 заминаи муборизаи беамон ва коҳиши сатҳи ҷиноятҳои дорои хусусиёти коррупсионӣ дар кишвари азизамон мусоид ва ба он такони тоза бахшиданд.
Тазаккур бояд дод, ки тадбиқи стратегияҳои мазкур ва чорабиниҳо дар самти муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо мебошад. Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастовардҳои Тоҷикистонро дар ин эътироф кардаанд.
Тадбиқи самараноки стратегияҳои мазкур ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди мудирияти давлатӣ, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳа хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми ҷиноятҳои коррупсионӣ, ошкор ва пешгирии чунин кирдорҳо мусоидат хоҳад кард.
Махсусан, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт, Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудаанд.
Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва аҳолии ҷумҳурӣ бояд дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва алайҳи кирдорҳои коррупсионӣ муштаракан муборизаи беамон баранд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем дар кишвар муқовимати муташаккил ва оштинопазирро алайҳи зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ ташкил ва тадбиқ намоем.
Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи матлуб ба роҳ монда шавад.
 
Маҳмадбекзода М.Ш.,
доктори илмҳои сиёсӣ, директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ