МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
2 июли соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленбергенро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти танзими қувваи корӣ ва рушди сармояи инсониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Холмаҳмадзода С. иброз дошт, ки вазорат тайи давраи тӯлонӣ бо Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, фаъолияти ҷамъияти мазкур дар кишвар ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар пешбурди фаъолияти вазорат, дар самти рушди таълими калонсолон, беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо арзишманд аст.
Ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ байни МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва ширкатҳои олмонӣ, ба монанди «Аskania Future GmbH», “Agora Invest GmbH” ва ташкилоти “SIT International UG”, омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати Олмон, бахусус музофоти Саксония ва роҳандозии ҳамкорӣ барои ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати кор дар соҳаҳои кори иҷтимоӣ, кор дар кошонаи ҳусн, ороишгари муй, косметология, физиотерапия, ронандаи мошинҳои боркаш, мошинсозӣ, барқчӣ ва дигар хизматрасониҳо, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши малакаҳои муосир бо истифода аз таҷрибаи Олмон дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва Марказҳои муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва равишҳои самарабахш дар омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва касбӣ, омӯзиши забони олмониро баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон ба ҷараёни машғулиятҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” аз рӯйи ихтисосҳои қаннод, челонгар, дӯзанда, ороишгари рӯю муй, барқчӣ, ошпаз ва омӯзиши забони кореягӣ шинос шуда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаи мазкур ибрози омодагӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи мазкур ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи 119 касбу ихтисос курсҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд.
Маркази мазкур соли ҷорӣ дар асоси шартнома бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозонро ба касбомӯзӣ ҷалб намуда истодааст.
Меҳмонони олмонӣ аз рафти касбомӯзӣ дар гурӯҳи “Ошпаз” ки барои 24 нафар сарбози қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ташкил карда шудааст, дидан намуда, таассуроти неки худро баён намуданд.
Ҷонибҳо дар фарҷом изҳори умед карданд, ки дидору гуфтугӯҳои баргузоршуда ба таҳкими муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи боэътимод мегузоранд.
