Номгўи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 2. Рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои зерин ҳамчун рўзҳои ид қайд карда мешаванд:

— Соли нав — 1 январ;

— Рўзи кормандони мақомоти гумрук — 22 январ; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 25 январ; (қҷт. 28.12.2012, №917)

— Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал;

— Рўзи Модар — 8 март;

— Рўзи матбуот — 11 март;

— Рўзи кормандони мақомоти прокуратура — 14 март; (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1218)

— Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март;

— Рўзи зиёиёни эҷодкор — 20 март;

— Иди байналмилалии Наврўз — 21-24 март;

— Рўзи иқтисодчиён – 8 апрел;

— Рўзи Қўшунҳои дохилӣ — 10 апрел;

— Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва  фарҳангӣ – 18 апрел;

— Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе – шанбеи сеюми  моҳи апрел;

— Рўзи илми тоҷик — якшанбеи сеюми моҳи апрел;

— Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ — 26 апрел;

— Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — 1 май;

— Рўзи кормандони мақомоти андоз – 4 май;

— Рўзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа — 7 май;

— Рўзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 9 май;

— Рўзи Шашмақом — 12 май;

— Рўзи байналмилалии оила -15 май;

— Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май;

— Рўзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология – 25 май; (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1104)

— Рўзи адвокатҳо — 26 май;

— Рўзи Қўшунҳои сарҳадӣ — 28 май;

— Рўзи кимёгарон — якшанбеи охири моҳи май;

— Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон — 1 июн;

— Рўзи байналмилалии муҳити зист ва рўзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 июн; (қҷт, 28.12.2012, №918)

— Рўзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ — якшанбеи якуми  моҳи июн; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук — якшанбеи дуюми моҳи июн; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи Ваҳдати миллӣ — 27 июн;

— Рўзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия — 6 июл; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи маъюбон — 8 июл;

— Рўзи моҳипарварон — якшанбеи дуюми моҳи июл;

— Рўзи металлург — якшанбеи сеюми моҳи июл;

— Рўзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ — 25 июл; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи кормандони сўхторнишонӣ — 30 июл;

— Рўзи варзишгарон — 10 август;

— Рўзи кормандони соҳаи сохтмон — якшанбеи дуюми моҳи август; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ — 17 август;

— Рўзи кормандони роҳи оҳан — 17 август;

— Рўзи кормандони соҳаи тиб — 18 август; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи ихтироъкорон ва навоварон – якшанбеи сеюми моҳи август;

— Рўзи ангиштканон — якшанбеи охири моҳи август;

— Рўзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ — 1 сентябр;

— Рўзи дониш — 1 сентябр;

— Рўзи авиатсия — 3 сентябр;

— Рўзи Гвардияи миллӣ – 3 сентябр;

— Рўзи китоб — 4 сентябр;

— Рўзи кормандони саноати нафту газ — якшанбеи аввали моҳи сентябр;

— Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 сентябр;

— Рўзи мелиораторон – 13 сентябр;

— Рўзи роҳсозон — якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

— Рўзи кормандони ҷангал — якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

— Рўзи Рўдакӣ — 22 сентябр;

— Рўзи мошинсозҳо — якшанбеи охири моҳи сентябр;

— Рўзи кормандони хизмати дипломатӣ – 29 сентябр; (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1341)

— Рўзи Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ — 30 сентябр;

— Рўзи куҳансолон – 1 октябр;

— Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 5 октябр;

— Рўзи омўзгорон — якшанбеи якуми моҳи октябр;

— Рўзи кишоварзӣ — 8 октябр;

— Рўзи Фалак – 10 октябр;

— Рўзи кормандони мақомоти адлия ва суд — якшанбеи дуюми моҳи октябр; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

— Рўзи соҳибкорон – 14 октябр; (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1187)

— Рўзи кинои тоҷик — 16 октябр;

— Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр;

— Рўзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр;

— Рўзи театри тоҷик — 7 ноябр;

— Рўзи милитсия – 10 ноябр;

— Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр; (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1320)

— Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр;

— Рўзи геологҳо – 9 декабр; (қҷт. 03.07.2012, №834)

— Рўзи кормандони мақомоти молия – 7 декабр;

— Рўзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр

— Рўзи байналмилалии муҳоҷирон – 18 декабр;

— Рўзи энергетика — 22 декабр;

— Рўзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ- 28 декабр;

— Иди Рамазон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин   муқаррар карда мешавад;

— Иди Қурбон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин   муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)

 

Моддаи 3. Рўзҳои иди ғайрикорӣ

Рўзҳои зерини ид рўзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:

— 1 январ — Соли нав;

— 8 март — Рўзи Модар;

— 21-24 март — Иди байналмилалии Наврўз;

— 1 май — Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;

— 9 май — Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

— 27 июн — Рўзи Ваҳдати миллӣ;

— 9 сентябр — Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— 6 ноябр — Рўзи Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Рўзи иди Рамазон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад;

— Рўзи иди Қурбон — ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба  дин муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1362)