ХАБАРИ ФАВРӢ!
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия як қатор навгониҳо ворид карда шуданд, аз ҷумла:
Пешниҳоди огоҳинома:
Тавассути Қонуни федералии №316-ФЗ аз 10.07.2023 ба Қонуни Федералӣ аз 25.07.2002 таҳти №115-ФЗ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” тағйирот ворид карда шуд:
Аз 7 январи соли 2024 шаҳрванди хориҷӣ дар давоми ду моҳ аз рузи гирифтани патент вазифадор аст, ки ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд (ирсол намояд).
Огоҳинома аз ҷумла дар сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ баста шуда бошад, бояд ирсол карда шавад.
Пеш аз ин, шаҳрвандони хориҷӣ аз лаҳзаи гирифтани патент барои дарёфти кор бо мӯҳлат маҳдуд набуданд. Онҳо метавонистанд дар асоси пардохти маблағи патент, дар ФР қонунӣ зиндагӣ кунанд. Аз 7 январ шаҳрвандони хориҷӣ ба таври қатъӣ ва ҳатмӣ бояд дар муддати то 2 моҳ бо корфармо шартнома баста, бобати он ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома фиристад.
Ба огоҳинома нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳои муваққатӣ (хизматрасонӣ), ки байни корфармо, фармоишгари корҳо ва шаҳрванди хориҷӣ баста шудаанд, замима карда мешавад ё дар огоҳинома маълумот дар бораи шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) дар сурати бастани он дар шакли шифоҳӣ хабар дода мешавад.
Тарзи пешниҳоди огоҳинома:
– дар нусхаи коғазӣ бевосита ба мақомоти ҳудудии ВКД-и Россия, ки патент додааст;
– ирсол тавассути почта;
– дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз системаи иттилоотии давлатии федералии “портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ” (Госуслуги).
Шакл ва тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома бо фармони ВКД-и Россия аз 05.09.2023, №655 (https://base.garant.ru/blob/load?id=77100184. – шакли огоҳинома, намунаи пуркунӣ) муқаррар карда шудааст.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод накардани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад.
Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо пас аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад
Ҳамзамон корфармо ҳам барои огоҳонидани мақомоти ҳудудии ВКД-и Россия бобати ба кор гирифтани шаҳрванди хориҷӣ муваззаф мемонад.
Мувофиқи банди 8 моддаи 13 Қонуни Федеролӣ аз 25.07.2002 №115-ФЗ корфармо вазифадор аст, ки мақомоти муҳоҷирати ҳудудиро дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё қатъи он бо шаҳрванди хориҷӣ, огоҳ намояд. Чунин огоҳинома бояд бо роҳи фиристодани ҳуҷҷати дахлдор дар шакли коғазӣ ё электронӣ дар мӯҳлати на бештар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи бастани шартномаи меҳнатӣ тибқи фармони ВКД-и Россия аз 10.01.2018, №11(https://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_295389/attach_LAW_295389_2/ ) амалӣ карда шавад.
Қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 1 сол дар асоси патент
Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 21.10.2023, №1756 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 15 январи соли 2007, №9”, имкон медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар асоси патенташ муҳлати қайди муҳоҷиратиашро то 1 сол (ба муҳлати амали патент) тамдид намояд.
Мутобиқи моддаи 32, банди “в” –и Қарор, ба қайди муҳоҷиратӣ гирифтани шаҳрванди хориҷии муваққатан дар Федератсияи Россия қарордошта, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси патент амалӣ менамояд, ба мӯҳлати 1 сол аз рӯзи додани патент ба чунин шаҳрванди хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
Қарори мазкур аз 26.10.2023 эътибор пайдо намудааст.
Бақайдгирии муҳоҷиратӣ дар асоси шартномаи иҷора
Аз охири моҳи октябри соли 2023, шаҳрванди хориҷие, ки ба Россия меояд, метавонад худашро ба қайди муҳоҷиратӣ дар ВКД шахсан бе вобастагӣ аз соҳибхона сабт кунад. Барои ин амал шаҳрванди хориҷӣ бояд дар платформаи Хадамоти Давлатии “Госуслуги” утоқи шахсӣ таъсис диҳад. Тағйироти бақайдгирии муҳоҷиратӣ дар асоси Қонуни № 156-ФЗ аз 28.04.2023 ворид карда шудааст (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”)
Тағйиротҳои мазкур имкон медиҳанд, ки “Дар сурати бастани шартномаи иҷораи манзил байни шаҳрванди хориҷӣ ва тарафи қабулкунанда, шаҳрванди хориҷӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 20 қонуни мазкур ба мақомоти баҳисобгирии муҳоҷират бевосита – шахсан ё дар шакли электронӣ оид ба омадан ба маҳалли истиқомат ва расидан ба ҳамин маҳалли истиқоматӣ фарзандони то ҳаждаҳсолаи худ, ки дар шартномаи иҷораи манзил зикр шудаанд, огоҳинома пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат ба огоҳинома дар бораи омадани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои истиқомат нусхаи шартномаи иҷораи манзил, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муносибатҳои хешутаборӣ (дар сурати пешниҳоди огоҳинома аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ дар бораи омадан ба ҷои истиқомат бо фарзандони то ҳаждаҳсола) замима карда мешавад.”
Нусхаи шартномаи иҷора ҳатман ба маҷмуъи ҳуҷҷатҳо замима карда шуда, ҳама ҳуҷҷатҳо бояд ба забони русӣ тарҷума шуда бошанд.
Ин ислоҳоти бақайдгирии муҳоҷиратӣ барои он заруранд, ки шаҳрванди хориҷӣ ҳуҷҷатҳоро худаш назорат кунад ва дар суроғаи истиқомати воқеӣ ба қайд гирифта шавад ва инчунин аз ҷониби тарафе, ки онро қабул мекунад, вобаста набошад.
Албатта вобастагӣ аз соҳибхона ба ҳар сурат вуҷуд дорад. Чунки дар манзили истиқоматӣ қарор доштани шаҳрванди хориҷиро соҳибхона бояд дар утоқи шахсиаш дар портали “Госуслуги” тасдиқ намояд.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Россияро риоя намоянд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (910) 443-63-35, +7 (936) 174-19-92 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53.