Ташрифи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ба шаҳри Қазони Тотористони Федератсияи Русия
Дар шаҳри Қазони Тотористони Федератсияи Русия вохӯрии ҳайати сайёҳии кишвар бо роҳбарии Рустам Холматиён – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбаритяи Ассамблеяи дӯстии халкхои Тотористон ва роҳбарият фаъолон ва тоҷикиони муқими шаҳри Қазони Тотористон, ки кору фаъолият ва таҳсил доранд, баргузор гардид.
Зимини мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди муносибатҳо дар самти сайёӣ, барқарор ва рушди муносибатҳо байни Ассамблеяи дӯстии халкхои Тотористон ва Ҷамъияти тоҷикони Тотористон ва инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо, таҳияи хатсайрҳои сайёҳии муштарак оид ба масъалаҳои ҷалби сайёҳони русиягӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.


