Таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар Қатар

Санаи 10 сентябри соли 2025 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар бинои Намояндагӣ Иди Истиқлоли давлатиро таҷлил намуд, ки дар он ҳамватанони муқими Қатар, аз ҷумла соҳибкорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, нақши Истиқлоли давлатиро чун бузургтарин арзиш ва дастоварди нодири миллати тоҷик арзёбӣ намуд ва таъкид гардид, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ба шарофати заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона рушд мекунад.
Ҳамзамон, санаи 9 сентябри соли 2025 бо ташаббуси Сафорат бинои меҳмонхонаи Шератон Гранди шаҳри Давҳаи Қатар бо рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд.