Форум барои рушд 2023

Рӯзҳои 17 -18 октябри соли 2023 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия чорабинӣ зери унвонӣ “Форум барои рушд 2023” баргузор гардид, ки дар он Мақсатуллозода Парвиз Мақсатулло, муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин форум соли сеюм аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Хазинаи глобалии диаспораҳои Иттиҳоди Аврупо (EUDiF) дар мавзуи муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкорӣ бо диаспораҳо баргузор карда шуд.
Қобили қайд аст, ки ду чорабинии аввалини форум (солҳои 2021-2022) бо назардошти паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 бо таври маҷозӣ дар мавзӯъҳои табодули таҷриба дар самти ҳамкории байни диаспораҳо бо ташкилотҳои гуногун, ҷалби диаспора дар самти шарикии рушд, ҷалби ҷавонон ва сармояи инсонӣ бо мақсади рушди кишварҳо баргузор гардида, қариб 900 нафар иштирок намуда буданд.
Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) лоиҳаи озмоишии Хазинаи глобалии диаспораҳои Иттиҳоди Аврупо (EUDiF)-ро аз моҳи июни соли 2019 то охири соли 2023 амалӣ мекунад.
Ин лоиҳаи озмоишӣ, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, платформаи беназири глобалии дониш, мубодила ва дастгирии чорабиниҳоро барои пешбурди ҳамкории диаспораҳо барои рушд пешниҳод мекунад. Ташкилоти EUDiF имкониятҳои табодули иттилоот бо ҷонибҳои манфиатдорро ҷустуҷӯ карда, имкон медиҳад, ки намояндагони диаспораҳо ҳам барои иштирок ва ҳам барои мубодилаи таҷриба ва баррасии имкониятҳои ҳамкориҳои оянда ширкат намоянд.
Рӯзҳои 17-18 октябри соли 2023, EUDiF сеюмин “Форум барои рушд 2023”- ро дар мавзуи “Шарикии байни диаспораҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Африқо ва Осиёи Марказиро дар шаҳри Брюссел ташкил ва баргузор намуда, аллакай худро ҳамчун чорабинии машваратӣ ва фарогири Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷалби диаспораҳо муаррифӣ кардааст.
Баргузории чорабинӣ тибқи барномаи тасдиқшудаи Форум аз қисматҳои панелӣ иборат буд, ки санаи 17 октябри соли ҷорӣ мавзуъҳо оид ба омилҳои муваффақият ва таклифу пешниҳодҳо барои роҳандозӣ ва нигоҳ доштани шарикии муассир бо диаспораҳо, ҳамкориҳои муваффақтарин, ҳадафҳо, мушкилот баррасӣ гардиданд. Инчунин, дар қисмати дигари панелӣ масъалаҳо оид ба баромадан аз ҳолатҳои фавқулода то барқарорсозӣ, диверсификатсияи шарикӣ, густариш додани шарикӣ бо диаспора, интиқоли маблағҳо ва таъсири он ба рушд, саҳми диаспораҳо дар стратегияҳои рушд, муаррифии озмун барои диаспораи ҷавонон ва ғайра баррасӣ гардид.
Дар форуми умумиҷаҳонии тақрибан намояндагони 180 диаспораи кишварҳои гуногун, аз ҷумла Австралия, Австрия, Белгия, Бангладеш, Дания, Чехия, Финландия, Франсия, Олмон, Испания, Ирландия, Италия, Нидерландия, Норвегия, Люксенбург, Полша, Сенегал, Камерун, Конго, Габон, Гана, Эфиопиа, Египет, Шведсия, Ямайка, Марокко, Мексика, Филиппин, Лубнон, Тунис, Танзания, Армения, Молдова, Грузия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Форум як чорабинии барҷастаи Иттиҳоди Аврупо барои иштироки диаспораҳо як фазои муколама ва омӯзиши таҷриба барои фаъолони мухталифи низоми рушди диаспора мебошад.
Баргузории форум созмонҳои диаспора, кишварҳои шарик, давлатҳо ва муассисаҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳои калидиро барои мубодилаи таҷриба ва омӯхтани роҳҳои ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад.
Дар Форум се самти асосии шарикӣ яъне омилҳои муваффақият, диверсификатсия ва аҳамияти рушди диаспораҳо баррасӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, яке аз масъалаҳое, ки дар форум таваҷҷуҳи бештар дода шуд, ин имкони иштироки фаъоли диаспораи ҷавонон ва фароҳам овардани иштироки онҳо дар форумҳои оянда иборат буд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Хазинаи глобалии диаспораҳои Иттиҳоди Аврупо (EUDiF) озмуни ҷавонони диаспораҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ташкил ва бургузор карда мешавад.
Аз ҷониби Хазинаи глобалии диаспораҳои Иттиҳоди Аврупо (EUDiF) соли ҷорӣ озмуни диаспораи ҷавон оғоз гардид, ки дар он барномаҳои беназир ва инноватсионии диаспораи ҷавонон рўнамоӣ мегардад. Дар озмун ташкилоти ҷавонони диаспораи муқими кишварҳои Аврупо ва кишварҳои шарики EUDiF иштирок намуда, лоиҳаҳои гуногунро барои рушди диаспораҳо нигаронидашуда пешкаш менамоянд. Ғолибони озмун бо мукофотҳои молиявӣ аз 1000 то 3000 евро қардрдонӣ карда мешаванд. Ин гуна ҳавасмандгардонӣ боиси рушди диаспора, аз нуқтаи назари ҷавонон илҳом мебахшад.
Инчунин, дар форум баромадкунандагон доир ба вазифаҳои диаспора баромад намуданд. Зикр гардид, ки вазифаҳои асосии диаспора ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги халқҳои гуногун рушди худшиносии этникии шахс, ҳифзи иҷтимоӣ, мутобиқшавӣ ва ғайра иборат мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ қайд карда шуд, ки дар самти дастгирии иқтисодӣ диаспораҳои калон метавонанд дар рушд ва тарақиёти кишвар тавассути таъсиси корхонаҳои нав мавқеи асосӣ дошта бошанд. Илова бар ин, диаспораҳо метавонанд барои ҳифзи манфиатҳои ҳамзабонон ва ҳамватанони худ дар кишварҳои сукунатдошта нақши муҳим бозида ва ба онҳо навъҳои гуногуни кўмаку хизматрасонӣ нмоянд.
Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаҳои муҳоҷирон ва диаспораҳоро ҳамчун омилҳои муҳими рушд барои кишварҳо эътироф мекунад.

Шуъбаи кор бо диаспораҳо
ва ҳамватанони бурунмарзии
раёсати муҳоҷирати аҳолӣ