Шабнишинии бошукӯҳ бахшида ба Саҳми тоҷикон
дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Рузи 29.04.2025 соли чори дар Музейи назди Парки Ғалабаи шаҳри Уфа шабнишинии бошукӯҳ бахшида ба Саҳми тоҷикон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Дар он маҳфил ду нафар фаьолони шурои чамьият дар бораи кахрамонихои чанговарони точик дар вакти ЧБВ маьлумот дода сипас донишҷӯёни тоҷик дар назди меҳмонон бо барномаҳои гуногуни тайёркардаи худ, азҷумла бо шеъру таронаҳои ватандӯстона баромад намуда, хотири меҳмонро шод намуданд.
Дар шабнишинӣ роҳбарони чамъиятҳои Русхо, Белорусхо, Молдова, Доғистон, Арманистон ва Бошқирдистону Тотористон, ҳамчунин намояндаи Вазорати муҳоҷират ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфа Зафар Курбонализода,чонишини директор и Хонаи Дустии Халкхои Бошкирдистон Агишева Альбина Насыбовна иштирок ва баромад намуданд.
Чорабинӣ дар як рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва фаромӯшнопазир хотима ёфт…
