ВАО,

                                                                                     диаспораҳои тоҷикон                

                                                                                    (ҷамъиятҳои тоҷикон),

                                                                                  ҳамватанони бурунмарзӣ 

сомонаи вазорат

ва сохторҳои он 

 

Дар бораи таъсис ва ба истифода додани портали интернетӣ бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули хазинаи иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанон тоҷикони бурунмарзӣ 

 

Бо кушишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Точикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст. 

Дар ин замина иқтидори диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ имрузҳо дар  давлатҳои хориҷ  хело бузург буда, кору фаъолият ва нуфузи онҳо мавриди эҳтироми хосаи мақомоти кишварҳои иқомат гардидааст.

Бо мақсади ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамкорӣ кардан бо онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №277 “Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишварқабул гардидааст, ки ҷиҳати татбиқи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №213 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025   тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.

Ба маълумоти ВАО, диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, расонида мешавад, ки дар асоси банди 2 Нақшаи чорабиниҳои болозикр аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Портали интернетӣ (diaspora.tj) бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули хазинаи иттилотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанон тоҷикони бурунмарзӣ таъсис дода шуда, мавриди амал қарор дода шуд.

Айни замон, тибќи маълумотњои омории дастрасшуда 68 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 18 ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 Ҷумҳурии Туркия, 1 «Чамъияти Олмону Точикистон» дар Чумхурии Федеративии Германия, 7 ҷамъияти фарҳангии Штатхои Муттахидаи Америка ва дигар давлатҳо фаъолият доранд, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳаллу фасл намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми муносиб мегиранд.

Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон омодааст  бо маќсади иникос ва пахши чорабинињо, вохўрињо ва корњои анљомдодашуда дар доираи портали мазкур њамкориро бо диаспорањои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзї ва ВАО њамкориро љоннок намояд.  

 

Масъули портал: Шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии  Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Телефон барои тамос: 250-32-09; 250-32-40, 992918506677

Почтаи электронӣ: sh.diasporaho@mehnat.tj