Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар асоси банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсияи дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021– 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, №213 тасдиқ шудааст, ҳамасола ҳангоми таҳияи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ барои солҳои таҳсилӣ навбатӣ бо шумораи 50 адад (30 адад – олӣ, 10 адад-миёна ва 10 адад-ибтидоии касбӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ (квота) барои фарзандони аъзои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷудо мегардад.

      Тартиби қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҷумҳурӣ барои фарзандони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаааст.

     Вазорат тасмим гирифтааст, ки рӯйихати довталабонро барои қабул ба муассисаҳои болозикр дар соли 2024 аз ҳисоби фарзандони диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ омода ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми соҳавӣ пешниҳод намояд.

    Хоҳишмандон метавонанд ба суроғи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи А.Навоӣ 5/2, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 1,  Шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 250 32 09; 2503240.

почтаи электронӣ: sh.diasporaho@mehnat.tj