Ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муҳим арзёбӣ шуд.

Имрӯз, 17 марти соли равон Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал майёори милитсия Демиденко Дмитрий Павлович мулоқот намуд. Дар мулоқот инчунин роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир ва сардори Раёсати кор бо муҳоҷирати шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Лелинград, полковники милитсия Колесников Андрей Анатолевич иштирок доштанд. Нахуст, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории вохӯриҳои дуҷонибаро дар сатҳои гуногун барои мушаххас ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҷойдошта муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ҷиҳати бокортаъминкунии онҳо, ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро баррасӣ намуданд.