Ҳунарҳои мардумӣ
Тавре ки маълум аст, тоқӣ (тӯпӣ) як навъ каллапӯши махсуси мардуми Осиёи Миёна ба шумор меравад. То ҷое, ки медонем, кулоҳ на танҳо каллапӯш, балки ҳанӯз дар замонҳои қадим маъниҳоеро ифода намуда, вазъи иҷтимоии одамонро муайян месохт. “Тӯпӣ”- истилоҳи тоторӣ буда, маънояш “тюбе”, “тепа”, яъне боло, баландист. Дар аввал кулоҳ ба шакли мудаввар ё нӯгтез аз порчаи матои росткунҷа бо нақшу нигори сӯзанишуда ё як қатор чок дӯхта шуда буд. Дар гузашта чунин кулоҳҳо миёни мардумони эрониасл маълум буд ва баъдан туркнажодон тоқиро ба бар карданд. Дар Русия нахустин бор, ҳангоме ки хони тоторҳо ба ашрафони мутеъшудаи рус чун рамзи ҳокимият тоқиро тақдим кард, он бо пиндоштҳои диниву сеҳргарӣ пайвастагӣ дошт.
Тибқи қоидаҳои замони пеш ба занҳову мардҳо иҷозаи сарлуч гаштан дода мешуд. Ҳамчунин мавҳумоте ривоҷ ёфта буд, ки мутобиқи он миёни сарнавишти инсону мӯи сари ӯ вобастагии сеҳромезе вуҷуд дорад ва кулоҳ гӯё аз қувваи эминдорӣ бархурдор аст. Барои мардҳо бошад, сари дастархон сарлуч нишастан гуноҳи азим дониста мешуд.
Инсон аз замонҳои қадим кӯшиш мекард, худро ба ҳар гуна мафҳумҳои тасаллибахши амниятӣ таъмин созад, то ин ки аз хавфу хатар, деву аҷина, мусибату бадбахтиҳо ва амсоли инҳо нигоҳ дорад. Мардум нисбат ба мӯи сар бо эҳсоси махсус рафтор мекарданд. Миёни мардумони Осиёи Миёна чунин ақида устувор буд, ки дар байни мӯйҳо қисме аз ҷон ҷойгузин аст ва аз ин рӯ, бояд эҳтиёт шавад.
Дар баъзе маҳалҳо чунин ақида доштанд, ки гӯё Худо аз боло назорат бурда истодааст ва тоқиҳои гулдор гуноҳи онҳоро рӯйпӯш мекарда бошад, бинобар ин ҳам мардҳо ва ҳам занҳо тоқиҳои гулдор мепӯшиданд.
Дар айёми мо низ мардону занон аз он истифода мекунанд. Агар дар гузашта кулоҳҳои аз маводи қимат таҳиягаштаро барои сарватмандон ихтисос медоданд, мардуми одӣ кулоҳҳои аз матоъҳои арзон дӯхташудаву беороишро ба сар мекарданд.
Тоқиҳои тоҷикӣ дорои нақшу нигор ва шаклҳои мухталифанд. Онҳо ба навъҳои мардона, занона ва кӯдакона тақсим шуда, аз рӯи ороиш ба маҳалҳо ҷудо мешаванд. Дар фонди осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 100 намуди коллексияи тоқиҳои тоҷикии мардона, занона ва бачагона мавҷуд буда, тамоми маҳалҳои диёри моро муаррифӣ мекунанд. Тоқиҳо ба амсоли аждаҳорнусха, зерисаллагӣ, тоқиҳои аввали асрҳои XX ва бо ҳуруфи арабиасос навишташуда, чуст ва зардӯзӣ, ки дар китобҳои воридотӣ сабт гардидаанд, ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд.
Адиба ӮРМОНҶОНОВА,
корманди осорхона
Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам»
Дар Осиёи Миёна аз замонҳои хеле қадим, алалхусус дар шаҳрҳои тоҷикнишини он ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд карда буданд. Ҳунармандон ва косибон бештар ба ҳунарҳои қолинбофӣ, чўбтарошӣ, кулолӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, зарбофӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва ғайра машғул мешуданд. Чунин ҳунарҳо асосан дар шаҳрҳои калон ривоҷ ёфта буданд ва аз ин маҳсулот аҳли деҳа ҳам дар рўзгори худ истифода мебурданд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи ин ҳунармандон ва косибон харидорони зиёде доштанд. Барои рақобатпазир шудани маҳсулот, ҳунармандон ва косибон кўшиш мекарданд, ки маҳсулоташон аз лиҳози сифат ва зебоӣ ҷолиб бошад. Бинобар ин ҳар як ҳунарманд сайъ мекард, ки маҳсулоташ бозоргир бошад. Дар байни ин ҳунарҳо алалхусус мисгарӣ хеле ривоҷу равнақ ёфта аз мис зарфҳои гуногнуи рўзгор тайёр карда мешуданд. Аксари зарфҳои сохтаи ҳунармандон ба бозорҳои хориҷӣ ба фурўш мерафтанд. Дар ҳаёти ҳамарўзаи мардум, зарфҳое истифода мешуданд, ки имрўз ҳар кадоми онҳо метавонанд зеби осорхонаҳо бошанд. Бо завқи баланди ҳунарманди сохта шудани ин ашёҳо далолат медиҳад, ки ҳунармандон, устодони чирадасти касби худ буданд ва зарфҳои сохтаашон ба дараҷаи асари санъат мерасидааст. Ҳунари заргарӣ, мисгарӣ, карнайсозӣ, афзоли асп, зинсозӣ, наълсозӣ, лаҷомсозӣ рушд ёфта, талаботи онрўзаи мардумро қаноатманд мекарданд. Дар шаҳрҳои калони Осиёи Миёна, Самарқанд, Бухоро, Хева, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Кўлоб, Ҳисор ва ғайра маҳалҳое буданд, ки дар онҳо косибони касбҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Беҳуда нест, ки баъзе маҳалҳои ин шаҳрҳо бо номи «Заргарон», «Мисгарон», «Зардўзон», «Читгарон» ном бурда мешуданд. Ин номҳо то ҳанўз дар баъзе шаҳрҳо боқӣ мондаанд. Намунаҳои хеле олии заргариро дар қаламрави Тоҷикистон бисёр пайдо кардаанд. Масалан дар водии Бешкент (н. Н. Хусрав) пайдо шудани гўшворҳо дар шакли делфин, гўшвораи хеле олии тиллоӣ дар Саксанохур (н. Панҷ) зебу зиннатҳои дар Тахти сангин сохташуда ва хазонаи Амударё далолат медиҳанд, ки санъати заргарӣ аз замонҳои хеле қадим рушду такомул ёфта ба дараҷаи баланди ҳунари заргарӣ расида будаанд. Дар ин шаҳрҳо зарфҳои гуногун дегҳо, косаву лагандҳо, қумғонҳо, обдастаҳо, чилопчин ва ғайра сохта мешуданд, ки аксарияти онҳо бо нақшу нигор ва кандакорӣ зебу зиннат ёфта буданд. Осори боқимондаи ҳунармандони қадима далолат медиҳанд, ки ҳамаи ин ашёҳои рўзгор бо як санъати баланд ва аз диди эстетикӣ сохта мешуданд, инчунин дар зиндагӣ ҳамарўза мавриди истифода қарор мегирифтанд.
Бо рушд ёфтани муносибатҳои нав ва пайдо шудани корхонаҳои саноатӣ, ки бештар зарфҳои арзонтар истеҳсол мекарданд, равнақи ин касбҳои мардумӣ рў ба танозул гузошта, имрўзҳо қариб аз байн рафтаанд. Зарфҳои саноатӣ нисбатан арзон буда, барои тайёр кардани онҳо заҳмати зиёд кашидан лозим нест. Бинобар ин бо мурури замон ҳунармандони чирадасти Осиёи Миёна натавонистанд бо саноати зарфсозии нав рақобат кунанд. Аз ин рў онҳо маҷбур шуданд, ки аз касбу кори худ даст кашида, сохтани зарфҳои рўзгорро ба гўшаи фаромўшӣ супоранд. Пўшида нест, ки харидори кардани зарфҳои тайёркардаи косибон чандон арзон набуданд. Ба зарфҳои саноатӣ рў овардани мардум ҳам боиси аз байн рафтани ин ҳунарҳои мардумӣ шуданд. Инчунин солҳои аввали барпо шудани Ҳукумати Шўравӣ ва дигар шудани сохтори иҷтимоӣ, кишварро ба вартаи қашшоқию бенавоӣ кашид. Он солҳо қашшоқӣ, нодорӣ ки муддати дароз дар кишвар давом кард, мардумро аз хурдтарин ҳавасҳои зиндагӣ маҳрум сохта, майли онҳоро ба ин гуна зарфҳои зебо коҳиш дод. Дар он замонҳо зарфҳои рўзгор бештар аз мис сохта мешуданд. Дар замони саноатикунонӣ нархи мис баланд рафт ва дастрас кардани ин намуди фулузот хеле душвор гашт. Бинобар ин тайёр кардани зарфҳои рўзгор аз мис рў ба таназзул гузошт ва косибон барои тайёр кардани онҳо дигар шароит надоштанд. Дар солҳои Ҳукумати Шўравӣ заргарон ва мисгаронро барои фаъолияти мустақилашон ба муҷозот мекашиданд, зеро онҳо ҳақ надоштанд. Ин омил ҳам боиси он гашт, ки касби мисгарӣ ва заргарӣ дигар равнақу ривоҷ наёбад.
Хушбахтона бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ин ибтикори хеле бомавриди роҳбари кишвар ба эҳё гаштани бисёре аз ҳунарҳои фаромушгаштаи мардумӣ сабаб шуда, дар Тоҷикистон суннатҳои гилембофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумии қариб аз байнрафта зи нав эҳё шуданд. 27-уми августи соли 2019 Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, мўҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кўчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ ва шароити кору фаъолияти заргарон дар он аз наздик шинос гардиданд. Маълум аст, ки Тоҷикистон аз сангҳои қимматбаҳо, тилло ва нуқра хеле бой аст ва метавонад дар асоси ин, корхонаҳои калони заргарӣ ифтитоҳ намуда, ба аҳолии кишвар ва меҳмонони хориҷӣ маснуоти заргарони тоҷикро пешниҳод намояд. Кушода шудани ин гуна корхонаҳои саноатӣ, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ як такони бузурге хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон имрўз ҳунари мисгарӣ тақрибан аз байн рафтааст. Танҳо дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд сохтани карнайҳо то имрўз боқӣ мондааст. Баъзе намудҳои хунари мисгарӣ дар ҳолати хеле маҳдуд боқӣ мондаанд. Яъне ин касби аҷдодӣ мавқеи худро дар зиндагии мардум аз даст додааст. Барои эҳё кардани ҳунари мисгарӣ дар корхонаи «Зари тоҷик», шуъбае фаъолият мекунад, ки ин шуъба мақсад дорад ҳунари қадимаи халқро идома бахшида, дар асоси сунатҳои миллӣ зарфҳои миссин ва нуқрагиро тайёр кунанд, инчунин кандакории рўйи мисро зи нав зинда созанд.
Рассоми хеле моҳир Бахтиёр Иброҳимов (с/т 1969, м/олӣ, ш. Душанбе, н. Сино, к. Ҷаббор Расулов), яке аз он заргароне мебошад, ки дар кандакорӣ кардан ба рўйи мис, тилло ва нуқра маҳорати хос дорад. Кандакорӣ кардан дар рўйи мис, тилло ва нуқра кори басе душвор буда, аз ҳунарманд талаб мекунад, ки маҳорати баланди касбӣ дошта бошад. Мо шоҳиди он гаштем, ки ин марди ҳунар алакай чандин кўзаҳо, лагандҳо, пиёлаҳо, обдастаҳоро кандакорӣ карда, зебу зиннат бахшидааст. Нақшу нигоре, ки дар руйи ин зарфҳо кандакорӣ карда мешаванд аз ҷониби худи Бахтиёр Иброҳимов таҳия карда мешавад ва дар онҳо тасвири гулҳо, меваҳо, чонварон ба чашм мерасанд. Худи ҳунарманд мегўяд, ки дар Тоҷикистон шумораи гравиёрҳо (кандакории рўйи мис) ангуштшуморанд. Бинобар ин на ҳар кас метавонад кандакории зарфҳоро дар ўхда дошта бошад, зеро камтарин хато метавоанд нақшро вайрон карда маҳсулотро бесифат гардонад. Гуфтан лозим аст, ки аксарияти зарфҳое ки Баҳтиёр Иброҳимов кандакорӣ мекунад аз нуқра ва мис сохта шудаанд ва арзиши баланд доранд. Аз ин ҷост, ки бо маҳорати баланд ва бехалал кандакорӣ кардан дар рўйи нуқра ва латун ҳунармандро маҷбур месозад, ки хеле нозукона ва эҳтиёткорона бо кандакорӣ машғул шавад. Чунки зарфе ки аз нуқра сохта шудааст, нархи гаронбаҳо дошта аз кандакор талаб менамояд, ки дар рўйи зарфҳо эҳтиёткорона кандакориро ба сомон расонад. Он зарфҳое ки ҳунарманд кандакорӣ кардааст дар ҳақиқат ҳам хеле ҷолиб ва назаррабо ҳастанд. Ҳар бинанда беихтиёр ҳавас мекунад, ки чунин зарфҳои зебо дошта бошад. Кандакорӣ кардани нақшҳои зебо дар рўйи нуқра ё латун кори хатарнок ҳам ҳаст, зеро ҳангоми кандакорӣ метавонад искана () аз нақш берун рафта ба даст ҷароҳатҳо расонад. Бо мушоҳида кардем, ки дасти ҳунарманд Бахтиёр Иброҳимов аз кандакорӣ хеле ҷароҳатҳо бардоштааст. Барои ба қадри ин ҳунар расидан бояд фаҳмид, ки заҳмати зебу зиннат бахшидан ва оро додани зарфҳо бо кадом заҳматҳо муяссар мегардад.
Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист?
Захми дасти кўҳканро теша медонад, ки чист.
Мо бовар ҳосил кардем, ки ҳунари кандакории рўйи мис ва нуқра аз нав зинда мешавад. Зарфҳое ки ин кандакори хушсалиқа омода менамояд ба табъи хеле баланди харидорон ҷавоб дода метавонад. Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин зарфҳои кандакорикардаи Бахтиёр Иброҳимов метавонад ҳамчун армуғони гаронбаҳо ба меҳмонони олимақоми Ҳукуматӣ чун тўхфаи арзишманд тақдим шавад. Зеро чунин санъати баланд ҳеч касро бепарво гузошта наметавонад. Дар руйи нуқраи соф ба назар расидани нақшҳои басе шоирона касро ба худ мафтун месозад. Боиси фараҳмандӣ аст, ки имрўз кандакории рўйи мис, нуқра ва латун аз нав эҳё мешавад ва суннатҳои хеле қадимаи халқамон боз зи нав бо зебогии замонавии худ дили бинандаҳоро тасхир созад. Дар амалӣ гаштани ин нақшаи наҷиб ба ҳайъати ҳунармандони гурўҳи Бахтиёр Иброҳимов комёбиҳои эҷодӣ орзу мекунем.
Аттоев Шодрўз
Ходими пешбари илмии ПИТФИ
http://pitfi.tj/node/646
Атласбофӣ, раванди истеҳсоли матои абрешимӣ ва нимабрешимии атлас. Атласбофӣ дар Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд. Атласи хушранг ва олисифаташро «хонатлас» меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии онро «шоҳсабз», «барги карам», «атласи сиёҳ» меномиданд. Атласи абрешимро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра истифода мебурданд.
Раванди коркарди абрешим аз се марҳалаи асосӣ иборат буд: тайёр кардани калоба ё ресмон, бофтан ва ороиши матоъ. Рангубор намудани калоба ду зинаро дар бар мегирифт: ишқордиҳӣ ва кабудгарӣ.
Тори 12 – бандаи атлас 44 см бар дошт. Аз ҳар чашмаки теғи дастгоҳ 4-8 нахи абрешимро мегузарониданд. Ду навъи атласи анъанавӣ: чорпопушалӣ ва ҳаштпопушалӣ маъмул буд. Атласи навъи аввалро дар дастгоҳи чорпопушалӣ ва чоргула мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи чорум пайваст мешуданд. Попушалро ба тарзи I-II –III- IV пахш менамуданд. Дар натиҷа се нах ба рӯй баромада, як нах дар поин мемонд. Навъҳои беҳтарини атласро дар дастгоҳи ҳаштпопушалӣ мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи сеюм, попушали сеюм бо гулаи якум, попушали чорум бо гулаи чорум, попушали панҷум бо гулаи панҷум, попушали шашум бо гулаи шашум, попушали ҳафтум бо гулаи ҳаштум, попушали ҳаштум бо гулаи ҳафтум пайванд мешуданд. Попушалро ба тарзи I-VII-II-VII-III-VI-IV-V пахш мекарданд. Ҳангоми пахш кардани попушали якум гулаи дуюм поин шуда, байни нахи зер ва нахи болои он кушода мешавад ва аз байни онҳо пуди якум мегузарад. Ба ин тариқ, дар байни ҳашт нах ҳашт пуд болои ҳам ҷой гирифта, матои якрӯя бофта мешуд. Чунки як нах дар поин монда, ҳафт нах ба боло мебаромад.
Атласбофӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ба рушду пешрафти абрешимбофӣ дар Хуҷанди бостонӣ Шоҳроҳи абрешим таъсири бисёр расонидааст. Тоҷирон аз Чин ба шаҳрҳои Осиёи Миёна абрешим оварда, мефурӯхтанд. Дар навбати худ косибону ҳунармандони суғдӣ ба Чин рафта, нозукиҳои абрешимбофиро аз устоҳои чинӣ меомӯхтанд. Дар асрҳои IV-V соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳибофӣ дар байни суғдиёну бохтариён тараққӣ кард. Тоҷикон дар асрҳои баъдӣ дар истеҳсоли абрешим ва матоъҳои абрешимӣ, ки ба атласи ҳозира монандӣ дошт, шуҳрат пайдо кардаанд.
Шаҳри Хуҷанд дар давоми асрҳои XVIII-XIX яке аз марказҳои истеҳсолкунандаи атлас ба шумор мерафт. Аввали асри XX дар ин ҷо қариб 3 ҳазор дӯкони атласбофӣ амал мекард, ки бештар аз 6000 коргар дошт. Дар солҳои 1920-ум дар Хуҷанд артели аввалини матоъбофӣ бо номи «Бофанда» таъсис ёфт, ки он беш аз се ҳазор бофандаро муттаҳид мекард. Дар солҳои 1927 -28 дар Хуҷанд корхонаи шоҳибофии «Бофандаи сурх» ба кор шурӯъ мекунад. Соли 1975 Иттиҳодияи истеҳсолии шоҳибофии «Хуҷандатлас» таъсис ёфт, ки бо иқтидори 2290 ҳазор метр дар як сол атласҳои гуногун истеҳсол менамуд.
Ҳоло дар корхонаҳои шоҳибофии Хуҷанд, Шаҳринав ва Бохтар беш аз 20 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрӯю шуҳрат дорад. Солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.
Санавбар НАЗАРОВА,
омӯзгор
Бознашр аз рӯзномаи “Баҳори аҷам”
Ҷуроббофӣ ҳунари бофандагӣ буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Ин ҳунар ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Тавре сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ иттилоъ медиҳанд, ҷуроббофӣ аз қадим дар Бадахшони Тоҷикистон маъмул мебошад. Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан, аз сихҳои махсус истифода мебаранд. Онҳо бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха бофта мешаванд. Замонҳои пеш онро аз химчаи чӯбҳои сахт, бахусус дарахти тӯғ, тайёр мекарданд, ки он ҳам устои махсуси худро дошт. Дар баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҳоло ҳам занони куҳансоле ёфт мешаванд, ки аз сихҳои чӯбини қадимӣ истифода мебаранд. Ҳоло ҷои сихҳои чӯбиро сихҳои симин гирифтаанд. Пашми гӯсфанд барои таҳияи ҷуроб ашёи хоми асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо, ғайр аз пашми гӯсфанд, пашми буз ва қутосро низ ба кор мебаранд. Дар баробари ин, худи ҳунармандон вазифаи ресандаро иҷро мекунанд. Риштаи ресидашударо бо рангҳои табиӣ ранг месозанд.
Барои бофтани ҷуроб пашми дар фасли баҳор тарошидашуда истифода мешавад. Зеро он мулоим буда, ресиданаш ҳам осон ва ҷуробе, ки аз ин гуна ришта бофта мешавад, босифат аст.
Ҷуробро, асосан, вобаста ба иқлим дар шаклҳои гуногун, баъзан то зону ва ҳатто аз зону боло мебофанд. Ҷуроби аз зону болоро танҳо аз рӯи фармоиши чӯпонону шикорчиён таҳия мекунанд. Дар замонҳои пеш ба таги ҷуробҳо мисли кашф пораи алоҳидаи бофташударо илова мекарданд. Баъди ба вуҷуд омадани пойафзолҳои замонавӣ омода намудани он оҳиста – оҳиста аз байн рафт.
Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан ҷуробро яклухт мебофанд. Ҷуроби армуғониро бо иловаи риштаҳои симӣ мебофанд, ки ҳангоми ҷашнҳои оилавӣ, зодрӯз ва тӯй ҳамчун туҳфа ба наздикон тақдим месозанд.
Дар соқи ҷуробҳо нақшу нигорҳои гуногун дида мешаванд, ки ба номашон хеле мувофиқанд. Аслан ҷуробро вобаста ба нақшу нигораш номгузорӣ мекунанд. Масалан, “Аждапайкар”, “Аловгул”, “Пари товус”, “Синаи боз”, “Чархгардонак”, “Пайи пишак”, “Гандумак”, “Занҷирак”, “Камони Рустам”, “Шамшодгул”, “Абри сари кӯҳ”, “Чапу рост”, “Лолагул”, “Садбарг” ва ғайраҳо.
Махсусан, гули “Аждар” ва “Алов” дар санъати ҷуроббофии мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад, чунки гули “Аждар” ва “Алов” нишонаҳои ориёиён мебошанд. Ҳам дар ҷуробҳои пешина ва ҳам ҳозира тасвири ин ду нақш васеъ ба назар мерасад. Дар баробари ин, дар қисми зиёди ҷуробҳо нақши салиб хело равшану возеҳ ба назар мерасад, ки он ҳам аз даврони бостон анъана шудааст.
Ҷуроби занона аз мардона бо нақшу нигор ва андозааш тафовут дорад. Дар ҷуроби арӯсӣ ба ҷуз нақшу нигор риштаҳои симин низ илова мекунанд. Ҷуробҳои кӯдакону наврасон бо гулҳои реза – реза оро дода мешаванд. Дар замони муосир низ дар ноҳияҳои мухталифи кишвар ҳунармандон аз нақшҳои қадимӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, ҷуробҳое вомехӯранд, ки нақшу нигорашон навоварона мебошанд.
Сабаби то имрӯз идома доштани ин ҳунар, пеш аз ҳама, дар фаровон будани ашёи хом, инчунин, талаботи мардуми маҳаллӣ ва таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти мазкур мебошад.
Садафмоҳ Сангова, аз зумраи занонест, ки бо ин ҳунар рӯзгорашро таъмин месозад. Номбурда маҳсули кори худро дар бозори «Корвон» ба фурӯш мебарорад. – Ман ин ҳунарро аз модарам ва гузаштагонам омӯхтаам. Ҳама аҳли оилаи мо ҷуроббофӣ хуб ҳастанд. Вобаста ба талабот ва завқи мизоҷон мо ҷуробҳоро ба шаклҳои замонавӣ омода месозем, – нақл мекунад Садафмоҳ.
Талабот нисбат ба ҷуробҳои бофтаи мо зиёд аст. Ҷуробҳои мо чун ба таври табиӣ бофта мешаванд, дар фасли сармо пойҳоро гарм нигоҳ медоранд.
Ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба мамлакати мо ташриф меорад, албатта, аз минтақаҳои кӯҳӣ дидан мекунад. Барои онҳо ҷӯробҳои бофтаи мардуми кӯҳистон ҷолиб аст ва аксарияташон бо худ ин гуна ҷуробҳо гирифта мебаранд.
Ҳунари ҷуроббофӣ, дар баробари дигар анъанаҳои миллиамон, муаррифгари фарҳанги қадимаи тоҷикон мебошад.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Чакан ё Чакандӯзӣ — яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан инчунин ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст. Калимаи “чакан”-ро бо калимаҳои «чеканит», “чеканка”-и русӣ ва “чакома”-ву “чакомак”-и авестоӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан – ин нақш аст. Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини куҳан,чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», “Мадор”, «Рашидӣ», «Кашф» шарҳ додаанд. Ибтидоан дар кашидадӯзии аҷдодони қадими эронӣ нақши «салиб» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию росқавлӣ, ифодагари чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму олам мебошад. Агар дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо нишони салибро истифода мебурда бошанд, бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, нақшҳои нав аз қабили давра, ифодакунандаи офтоб рамзи рӯшноию гармӣ, гулҳои ҳамешасабз – ифодаи садоқату эҳтиром ба сарзамини хеш ва монанди инҳо пайдо гардиданд. Аз ин рӯ, косагул (ба сурати офтоб) – нақши асосии чакан аст. Хамаи ин далели он аст, ки заминаҳо ва ҷанбаҳои гуногуни нақшҳои чакан ба заминаҳои хуршедпарастии ирониаслон иртибот дорад. Падидаи чакан дар фарҳанги тоҷикон бо водии Кӯлоб пайваста аст. Воқеан нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷу Вахёву Ғарм, дар нақшҳои лаби остину лаби домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтаанд. Барои чакан аслан матоъҳои сафед, зард ва сурх истифода мегардиданд. Дар интихоби пилла ва ё худ абрешими матоъ низ аҳамияти хосса медоданд.
Табақтарошӣ аслан дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равнақу ривоҷи тозаро касб кардааст. Маҳорати хуби устодони ин ноҳия аст, ки табақҳои гуногуни онҳо берун аз бозори дохилӣ дар дигар кишварҳо роҳ ёфтаанд. Табақҳои тарошидаи усто Мирхоҷа Имомқулов аз ноҳияи Роштқалъа аз дигарон камӣ надоранд. Усто Мирхоҷа мегӯяд, ки табақтарошӣ кори мавсимӣ набуда, вобаста ба фармоиши мизоҷон тамоми фасли сол сурат гирад. Дастгоҳҳои ҳозиразамони корӣ дар дохили ҳавлиаш насб шуда, бо қувваи барқ ба кор дароварда мешаванд. Усто табақро аслан аз чӯби бед, сафедор, чормағз, тут, зардолу тайёр мекунад. Вале дар бештар маврид аз чӯби чормағз кор мегирад, ки нисбатан он сахт буда, метавонад солҳои дароз хизмат кунад. Ҳамзамон вай чун устои созтарош дар вилоят ном баровардааст. Асбобҳои тарошидаи ӯро хонаҳои фарҳанг, мактабҳои мусиқӣ ва сокинони вилоят харидорӣ мекунанд.
Дӯғкашӣ аз ҳунарҳои хонаводагии занона дониста шуда, таърихи хеле қадима дорад. Аз рӯи маъхазҳои таҳқиқшудаи муҳаққиқон дӯғкашӣ дар мавзеҳои ҷумҳурӣ бо дигар номҳо ба монанди маскакашӣ, куппизанӣ, гуппизанӣ маъмул буда, расму одатҳои худро дорад. Намунаи омода намудани ин навъи ҳунари суннатиро муҳаққиқон аз ноҳияҳои Рашт, Яғноб, Ванҷу Дарвоз дар мақолаи худ мухтасаран зикр намудаанд. Дӯғкашӣ маънои равғани маскаро аз ҷурғот ҷудо кардан аст, ки дар натиҷа ду маҳсулоти рӯзмарра тайёр мешавад. Тибқи мушоҳидаҳо дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ин ҳунар бо номи дӯғкашӣ роиҷ буда, таомулҳои анъанавии худро дорад. Раванди иҷрои дӯғкашӣ дар ин ноҳия бо чағдег ва чарағчӯб (сарағчӯб) иҷро мегардад. Чағдег аз ду калима иборат буда, дар асл бояд маънои зарф ё деги чӯбинро ифода кунад. Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи “чағ” дар алоҳидагӣ ва ҳар ду калима дар якҷоягӣ, яъне “ҷағдег” чунин омадааст: маънои вожаи “чағ” як навъи чӯб мебошад, ки ба обнус монандӣ дорад, “чағдег” ду калима дар якҷоягӣ ба маънои “кӯзаи сафолини даҳанфарох, ки дар он аз ҷурғот равған мекашанд” омадааст. Ғунҷоиши чағдег 10 – 12 литр мебошад. Сарағчӯб ё ин ки чарағчӯб шаклаш дарозрӯя, дарозиаш 1,1 м буда, дар сари он се чӯби дигари тухмшакл тақрибан ба андозаи 30-35 см пайваст гардидааст, ки дар таги чағдег ҳамвор буда, маскаро ба зудӣ ҷудо мекунад. Дар сутуне дастаи чағдегро бо банд баста, ба он ҷурғоту обро мерезанд. Ҳаҷми чурғот аз об як андоза зиёд гирифта мешавад. Агар чурғот 5литр бошад ба он 4 литр об илова менамоянд. Дар тобистон аз сабаби ҳавои гарм, ба он каме ях ҳамроҳ мекунанд, то ин ки маскааш каме сахт гардида, зуд ҷудо шавад.